Ҷоизаи ба номи М. Шерализода 6 май тақдим карда мешавад

Нишони сарисинагии Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода тасдиқу омода гардид ва қарор аст, санаи 6-уми май дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» зимни як чорабинии  бошукӯҳ ба аввалин баранда супорида шавад.

…Мо – аҳли эҷод, ҳайати мушовара, ҳайати комиссияи озмуни дарёфти Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода ва аъзои ҳакамони озмун барои омода намудани нишони сарисинагӣ муддатҳо баҳсу мунозира кардем. Мавзӯи баҳси мо аслан атрофи шакли нишон буд. Як нафар пешниҳод мекард, ки акси М. Шерализода рӯйи он наққошӣ шаваду дигаре шиносномаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро. Нафароне ҳам буданд, ки бинои парлумони кишвар, нишони давлатӣ ва ғайраро чун рамз рӯйи нишони сарисинагӣ дидан мехостанд. Билохира ба хулосае омадем, ки рӯйи нишон акси қалам ҳаккокӣ гардад, зеро Муродуллоҳи Шерализода, пеш аз ҳама, журналист буд ва тамоми умр ба қалам содиқ…

Сониян, ин ҷоиза рамзӣ ба номи Муродуллоҳи Шерализода аст, зеро ӯ аввалин журналисти қурбоншудаи ҷанги бародаркушист. Ӯро санаи 5 майи соли 1992 дар рӯзи ҷашни матбуот (он солҳо ҷашни матбуот санаи 5 –май, рӯзи нашри аввалини «Правда» буд) ҳадафи тир қарор доданд.  Баъд аз Муродуллоҳи Шерализода дар он солҳои пурошӯб даҳҳо журналистони мо паси ҳам қурбон гардиданд…

Ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода ҳам аз ҷониби ҳафтаномаи «Тоҷикистон», пос доштани номи нафароне низ ҳаст, ки дар радифи Шерализода дар ҷодаи журналистика ҷон бохтанд.

Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода даврашакл буда, дар маркази он акси қалам ва аз ду тарафи он ду барги сабз ҳаккокӣ шудааст. Қалам рамзи эҷод ва баргҳои сабз рамзи ҷовидонӣ ва сарсабз будани қалам аст. Ҳамчунин, дар овезаи нишони сарисинагӣ Парчами Тоҷикистон акс ёфтааст ва қалам низ ба ҷониби парчам нигаронида шудааст, зеро  он рӯзноманигороне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷон бохтанд, ба хотири якпорчагии Тоҷикистон талош мекарданд ва имрӯз низ рӯзноманигорон дар пайи нигоҳ доштани амнияту суботи кишваранд…

Озмун барои дарёфти Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода тӯли се моҳ идома ёфт . Дар муддати зикргардида ба унвони ҳафтанома маводу матлабҳои зиёде ворид гардид, ки қисмате аз он, ки арзандаи чоп буданд, зери гӯшаи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» ба нашр расиданд. Баъд аз хотима ёфтани муҳлати озмун маводҳо ба ҳайати ҳакамон, ки аз журналистон ва адибону олимони шинохтаи кишвар иборатанд, пешниҳод гардид.

Ҳанӯз маълум нест, ки Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода бори аввалин бор насиби кӣ мешавад. Ҳайати ҳакамони босалоҳият ва сахтгиру серталаб, ки якдигарро намешиносанд, тайи чанд рӯз ҳамаи маводҳое, ки ба озмун ворид шуда, дар саҳифаҳои «Тоҷикистон» зери гӯшаи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» нашр шуданд, омӯхтанд. Ба услуби нигориш ва мавзӯву муҳтавои он баҳои холисонаи худро гузоштанд, аммо ҳанӯз баҳои онҳо дар даруни лифофа аст, ки танҳо санаи 6-уми май боз мешавад…

Рӯзи шанбе, пас аз маросими ҷоизасупорӣ шумо метавонед, номи аввалин барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализодаро тариқи сомонаи tajikistantims.tj ва гузориши муфассали онро ҳафтаи оянда тариқи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа кунед.

Ҳамчунин, шурӯъ аз моҳи июл озмуни дарёфти Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода дар соли 2017 оғоз мегардад. Мо интизори пешниҳодҳои шумо –хонандагони нуктасанҷ ҳастем. Мавзӯи озмун барои дарёфти ҷоиза дар соли оянда чӣ хоҳад буд, онро ту муайян хоҳӣ кард…

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *