Ҳоланд: Ҳизби нахуствазир пешсафас аст

Мувофиқ ба натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумонӣ дар Ҳолланд, ҳизби муҳофизакори «Мардум барои озодӣ ва демократия»-и нахуствазир Марк Рютте, пешсаф аст. Ин ҳизб тавонистааст, ҳадди ақал 31 курсӣ аз 150 курсии парлумонро аз худ кунад. «Ҳизби озодӣ» ба раҳбарии Герт Вилдерс бо ба даст овардани 19 курсӣ, дар мақоми дувум қарор дорад.

Беҳтарин натиҷа нисбат ба давраи қабл ба Ҳизби сабзи Ҳолланд рабт мегирад. Ин ҳизб тавонистааст 16 курсӣ дар парлумон ба даст биорад, ки нисбат ба давраи қаблӣ 12 курсӣ бештар аст. Аҳзоби демократӣ-масеҳӣ ва Д-66 низ ҳар кадом 19 курсии парлумонро аз худ кардаанд. Мизони мушорикати мардум дар интихоботи порлумонии Ҳолланд 82 дарсад эълон шудааст. Ҳизби «Озодии ҳайвонот» низ 3 дарсади райъи мардумро ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *