Ғолибият насиби кӣ мешавад: Наимҷон ё Шаҳриёр?

Як рӯзи тақдирсоз барои сарояндаҳо
Давраи ҷамъбастии озмуни “Ягона аз даҳгона” фаро мерасад. Айни замон Наимҷон бо 983 овоз дар зинаи аввал қарор дорад ва мухлисонаш бовари доранд, ки ӯ байни сарояндаҳо дастболо мегардад, вале мухлисони Шаҳриёр иддао доранд, ки дар як рӯзи боқимонда сарояндаи дӯстдоштаашонро аз Наимҷон мегузаронанд. Мухлисони Ҷонибек ва Садриддин куҷо шуданд? Магар ин ҳунармандони машҳур бо дидани шумораи ками овозҳо дар баробари номи худ аз мухлисонашон намеранҷанд? Шабнаму Манижаро ҳамагон дӯст медоранд, вале аз чӣ бошад, ки дар ин озмун ба ҷонибдории ин ду зебосанам мухлисон қариб ки овоз надоданд. Нозияи Кароматулло ва Зулайхо Мадаҷонова низ анси ғолиб омадан доранд, агар мухлис онашон дар се рӯзи боқимонда фаъол бигарданд.  Мухлисони Мино дағдаға мекарданд, ки тайёранд ҷонашонро барои ин паричеҳраи саҳназеб қурбон созанд, вале маълум гашт, ки ин ҳама танҳо гап будаасту халос. Мино дар озмун шумораи камтарини овозҳоро ба даст овардааст, ки ин аз бепарвофалакии ҳаводоронаш дарак медиҳад. Дар бораи Шаҳзоди Даврон ҳоҷати гап ҳам нест, чунки ба ҷонибдории ин сароянда шумораи хеле ками мардум овоз додаанд. Инак, бо овозҳои дар тӯли як моҳ ба даст овардаи сарояндагон шинос шавед: Наимҷони Сайдалӣ 983, Шаҳриёр Давлатов 547, Зулайхо Маҳмадшоева 262, Садриддин Наҷмиддин 367, Нозияи Кароматулло 205, Манидаи Далвлат 328, Шаҳзоди Даврон 177, Шабнами Сурайё  230, Ҷонибек Муродов 192,  Мино 152.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *