Ғолибияти навбатии нерӯҳои Асад бар ҷангиёни ДИ

Нирӯҳои президент Башор Асад шаҳри ал-Сухна — охирин паноҳгоҳи ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати Исломӣ” дар вилояти Ҳумсро бозпас гирифтанд.

Ал-Сухна дар ҳафтодкилометрии шимолу шарқи шаҳри бостонии Палмира воқеъ аст ва он охирин минтақае буд, ки артиши Асад дар роҳ ба сӯи шаҳри Дейр-аз-Зур дубора ба даст овард.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё гуфт, нирӯҳои ҳукумати Сурия ин минтақаро 5 август бо дастгирии нирӯҳои ҳавоии Русия баъди задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона бозпас гирифтаанд. Хабаргузории расмии «SANA «-и Сурия иттилоъ дод, ки артиши кишвар шаҳрро аз се тараф муҳосира карданд.

Нирӯҳои вафодор ба Асад аз моҳи майи соли равон ба ин сӯ бо дастгирии Русия амалиёти густардаи низомиро ба роҳ мондаанд, то биёбони бузургеро, ки Димишқро аз Дейр-аз-Зур ҷудо мекунад, бозпас бигиранд.

Мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки аз пуштибонии Вашингтон бархӯрдоранд, дар ҳоли ҳозир аз нисф бештари шаҳри Раққа — пойтахти ДИ-ро дар даст доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *