Олим Бобоев, профессори тоҷик ва номзад ба мақоми Президент мавлуд дорад

Имрӯз, 5-уми январ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, собиқ раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми Президенти Тоҷикистон Олим Бобоев мавлуд дорад.

Олим Бобоев, ки имрӯз 70 –сола шуд, зодаи шаҳри Ҳисор ва  хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ) мебошад.

 Номбурда фаъолиятро ба сифати ассистент, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва ташкили нақлиёт, декани факултети Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз карда, то ба симмати  ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, директори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти илмии «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ректори Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон,  вазири нақлиёт ва коммуникатсияи  Тоҷикистон, ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон‎, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.

Олим Бобоев муаллифи беш аз 100 мақолаву китоб ва рисолаи илмӣ аст, ки дар онҳо асосҳои иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ, масъалаҳои ташкил ва идораи корхона дар шароити бозор, мутобиқсозии корхонаҳои саноатӣ бо бозор вобаста ба омили нақлиёт, масъалаҳои логистикаи бозор ва таҳлилу барномасозии макроиқтисодӣ таҳқиқу баррасӣ шудаанд.

Олим  Бобоев  дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва академики Академияи байналмилалии нақлиёт буда, айни замон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *