Олимҷон-донор бародари қиёматии садҳо шифоёфта

Як сол пеш номи рафиқи даврони бачагиам Олимҷон Файзуллоевро дар ҷумлаи гирифтагони мукофотҳои давлатӣ  хонда ҳайрон шудам. Ӯ бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» қадрдонӣ шуда буд. Олимҷонро чун варзишгар дар ёд доштам, аммо донор буданашро акнун мефаҳмидам. Ба ӯ аҳсант гуфтаму пурсидам, ки  дар давоми 30 соли фаъолияти донориаш  чӣ қадар хун супорида бошанд?

-Таваҷҷуҳ  накардаам, — бо андеша гуфт Олимҷон Файзуллоев. – Давоми  сол ду моҳ пас рафта,  500 граммӣ 6 маротиба хун месупорам. Яъне, дар як сол 3 литр…

Мепурсед, ки чаро ба ин амали ғайриодӣ рӯ овардам? Барои ҳифзи саломатии худам шуда. Бача будаму шириниро бисёр дӯст медоштам. Ширинихӯрии бисёр хунамро зиёд мекард, магар ки аз биниам хун мерафту аз ин худро хуб ҳис мекардам. Баъзан худ биниамро зада хуншор мекардам. Баъд  касе маслиҳат дод, ки ҳамин хел ҷойи хунсупорӣ ҳаст. Рафта муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки дар аввал пул намедиҳем. Гуфтам, ки инро барои сиҳатии худам мекунам. Ду-се моҳ пас рафта, 500 граммӣ хун месупоридам. Ҳамин тавр, омӯхта шуда мондам. Хунам ғафс мешаваду хун месупорам. Одам 5-6 литр хун дорад. Бо 500 грамм хундиҳӣ ба кас ҳеҷ чиз намешавад. Дар 12-13 рӯз хун ҷояшро пур мекунад.

Олимҷон-донорро борҳо нимашаб омада, барои таваллудхона хунсупорӣ бурдаанд. Ба даҳҳо модарони навзоида аз ӯ рост гирифта хун рехтагианд, ки онҳо ӯро додари қиёматӣ, акаи қиёматӣ хондаанд.

— Пеш аз хундиҳӣ сарам вазнину фишорам баланд мешавад. Месупораму нафасам рост мегардад, — мегӯяд ин марди наҷибу хайрхоҳ.

Донори ифтихории Тоҷикистон  Олимҷон Файзуллоев ба нафақахӯриаш нигоҳ накарда, барои беҳдошти рӯзгори оилаи калонаш касби устои калидсозу қулфкушоро хуб омӯхта, мушкилоти мардумро осон мекунад.

— Мардуми мо  хунсупориро иҷома мегӯянд. Баъзе бехабарон иддао доранд, ки ин амали гуноҳ аст. Ин  ғалати маҳз мебошад, зеро аз рӯйи қоидаҳои шариат ҳар сешанбе хун супоридан мумкин аст, — мегӯяд Олимҷон-донор. — Дар ҳифзи сиҳатии мардум саҳмгир, ки ҳастам, аз худ розиам. Дигаронро низ ба ин амали инсондӯстона даъват менамоям.

Эмом Назаров

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *