Олим Қурбонов дар гурӯҳи худ чорум ва миёни шиноварон 62-юмин шуд
«Олим Қурбонов, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти шиноварӣ аз рӯи барономаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ чаҳорум шуд”, — хабар додааст сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон .
Олим Қурбонов рӯзи 11 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар гурӯҳи худ миёни ҳашт нафар шиновар бо натиҷаи 25,77 сония мақоми чорумро касб кард. Дар ин гурӯҳ Ҳилол Ҳамид аз Танзания бо натиҷаи 23,70 сония ғолиб шуд. Умуман, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 85 шиновар ширкат дошт. Олим аз 23 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 62-юм қарор гирифт.
Дар мусобиқоти интихобӣ Андрей Говоров аз Украина бо натиҷаи 21,49 сония ҷойи аввалро гирифт. Натан Адриан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 21,61 сония дувум ва ҳамватанаш Антони Эрвин бо натиҷаи 21,63 сония севум шуданд.
Ҳамин тариқ, Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт.
Зимнан, Олим Қурбонов, ки дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, имсол мактаби миёнаи рақами 8-и Душанберо хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудааст.
Олим Қурбонов баъди анҷоми сабқати шиноварӣ гуфтааст, ки аз ширкати худ дар Олимпиадаи Рио хеле хушҳол аст.
“Ман аз натиҷаи нишондодаи худ дар ин Олимпиада қаноатмандам, зеро ки ин беҳтарин натиҷаи ман дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ман ҳанӯз барои медал мубориза бурда наметавонам, зеро ки дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод натиҷаи ман ҳатто аз варзишгароне, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кардаанд, паст аст. Ман дар Рио ду ҳафта бо зӯртарин шиноварони дунё тамрин намудам ва аз онҳо бисёр чиз омӯхтам, ки дар оянда ба кор меоя” — гуфт ӯ.
Таҳияи Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ