Олими ҳақиқӣ ва инсони самимиро ба ҷашни 60-солагӣ таҳният мегӯем!

Имрӯз (01.04.2022) узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Самадович Саидов 60-сола шуд.

Мавсуф дар даҳсолаи ахир чун биологи пажуҳишгар ба омӯзиш ва таҳқиқи ҷонварони хоянда машғул гардида, дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ саҳми беназир аз худ боқӣ гузоштааст.

— Абдусаттор Саидов пас аз хатми Донишгоҳи Хуҷанд дар АМИТ ва дар вазифаҳои гуногун чун ходими илмӣ, муовини директор ва директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи академик Павловский, саркотиби илмии АМИТ ва ҳоло ҳозир ноиби президенти АМИТ кор карда, ғолибан дар таҳияи Атласти Тоҷикистон, баррасӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши куҳистон ва бинобар паҳншавии пандемияи нав омода намудани маводи муҳофизавӣ нақши босазо дорад,- менигорад дар саҳифаи фейсбукии худ Машраби Абдулло.

Аз фурсати муносиб истифода карда, олими ҳақиқӣ ва инсони самимиро бо фарорасии ҷашни 60-солагӣ табрик мегӯем ва таманно мекунем, ки донишманди асил дар солҳои минбаъда низ дар рушди илм саҳмгузор бошад.

Ҳамакнун, иқтибосе аз мақолае, ки дар маҷмӯи мақолаҳои бахшида ба ин ҷашн дар шакли китоб аз ҷониби АМИТ нашр гардидааст, меорем: «Хизматҳои устод Абдусаттор Саидов дар таҳия ва ба чоп расонидани як силсила асарҳои дастаҷамъона, аз ҷумла нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015, 2017), «Кӯли Сарез» (2018), «Канаск» (2017), «Сари Хосор» (2018) ва «Камароб» (2019) хеле арзанда мебошанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *