Олими шинохтаи тоҷик Масрур Абдуллозода профессор шуд
Шахсияти барҷастаи илмӣ ва фарҳангӣ Масрур Абдуллозода унвони профессорӣ гирифт.
Бино ба иттилои АМИТ, имрӯз, 15-уми август дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода унвони профессорӣ супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки унвон аз ҷониби ВАК-и Русия эъто шуда, ки онро Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба мавсуф супоридааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ