Олими Шветсия: Раҳим Масов аз касе намеҳаросид

Санаи 15 ноябри соли равон дар шаҳри Маскав бахшида ба 80-солагии академик Раҳим Масов конфронси илмӣ баргузор шуд, ки дар он аз хизматҳои ин олими фақиди тоҷик ёдоварӣ карданд.

Академик Раҳим Масов муаллифи китоби пурсарусадои “Таърихи табартақсим” ва собиқ директори Институти таърих, этнография ва бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон бо  ақидаҳои тезутунд ва мухолифатҳояш маъруф буд.

Ӯ ягона олим ва узви Маҷлиси Олии кишвар буд, ки ба тарафдории додани як қисмати замини Тоҷикистон ба Хитой мухолифат кард ва алорағми қарори Ҳукумати кишвар бахшида ба 2700-солагии Кӯлоб ва 3000 солагии Қалъаи Ҳисор эътимод надошт ва ин мавқеашро пинҳон намекард.

Раҳми Масов соли гузашта аз олам даргузашт.

Номбурда аз даврони ҷавонӣ то охири умр бо Маскав ва доираҳои илмии Русия алоқаи зич дошт. Ҳамин аст, ки аҳли илми Маскав ӯро фаромӯш накарданд.

Дар зер маърӯзаи муаррих ва файласуфи иронитабори муқими  Свид (Швеция), Баҳмани Озодфарро дар бораи академик Раҳим Масов, ки дар конфронси Маскав ироа шуд, пешкаши шумо мегардонем.

 Он чи бояд аз Раҳим Масуф омӯхт…

Бешак аз Раҳим Масуф бисёр метавон омӯхт. Мироси Окодемисиян Масуф фақат дар китобҳо ва мақолоти ӯ хулоса намешавад. Ӯ маниш ва шаҳоматеро барои мо ба ҷой гузоштааст, ки ба андозае навиштаҳояш арзишманд аст.

Ман дар ин ҷо намехоҳам ба баррассии корҳои илмии профессур Масуф бипардозам, зеро салоҳияти илмии ин корро надорам. Он чиз мехоҳам имрӯз баён кунам, шуҷоати ӯ дар дифоъ аз ҳувияти қавмӣ ва фарҳангии тоҷикон аст.

Ӯ аз гуфтани ҳақоиқи торихӣ аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз намеҳаросид ва он чиро дуруст ва одилона медонист бар забон меовард ё бо қаламаш ба сабт мерасонд.

Раҳим Масуф дар гуфтани ҳақиқат ба ин ки дар куҷост  ва дар миёни чи касоне ҳаст, намеандешид, ӯ парвои онро надошт, ки миёни як гурӯҳе понтуркист аст ва ё дар миёни сиёсатмадорон. Ӯ вақте дар миёни Окодемисиянҳо ва  ё сиёсатмадороне ки моил ба воруна кардани торих буданд, қарор мегирифт, як ва танҳо ба по мехост ва ҳамчун ақалияти як нафара бо баёни ҳақоиқи торихӣ ҷулуи таҳрифи торихро мегирифт.

Ӯ намепазируфт, ки ба хотири мулоҳизоти сиёсӣ аз гуфтани ҳақоиқ худдорӣ кунад. Ҳар куҷо ва дар ҳар шароите ки бо таҳрифи тоърих рӯ ба рӯ мешуд, мехурӯшид ва бе парда ақоидаташро иброз мекард.

Ёдам меояд дар солҳои пурталотуми ҷанги дохилии Тоҷикистон як бор, ки бо ҳам будем, таъриф мекард, ки дар сафар ба Туркия мақомоти он кишвар ба Масуф гуфтанд:

“Шумо тоҷикҳо аз назари чеҳра ва мушахасоти зоҳирӣ ба мо туркҳои Туркия шабоҳат доред. Дар сурате, ки дигар мардумони Осиёи Марказӣ, ки монанди мардуми Туркия, турк ҳастанд, ба мо шабеҳ нестанд.

Мо мехоҳем, ки Шумо тоҷикон эълом кунед, ки турк ҳастед, то мо ба табори муштарак миёни мардуми Тоҷикистон ва Туркия биболем. Агар Шумо чунин кунед, он гоҳ кишвари Туркия ҳама гуна кумак дар ихтиёри кишвари Тоҷикистон  қарор хоҳад дод.”

Пруфессур Масуф дарёфта буд, ки мақомоти Туркия аз ин ки мардумони туркнажоди Осиёи Марказӣ ба мардуми Туркия шабеҳ нестанд ва намешавад ҳамаи онҳоро аз як нажод  ба ҳисоб оварад, нохурсанданд ва мехоҳанд бо турк хондани тоҷикон, ки аз лиҳози чеҳра  ба мардуми Туркияи имрӯз шабоҳат доранд, худро бо тоҷикон ҳамреша эълом кунанд ва бигӯянд, ки ҳар ду миллат турки Тоҷикистон ва турки Туркия як решаи муштарак доранд, ки онҳоро аз бақияи туркони Осиёи мутамоиз месозад.

 Масуф ба мақомоти Турк гуфт:

“Мардумони туркчеҳраи Осиёи Марказӣ турки воқеъӣ ҳастанд. Онҳо ҳам туркнажод ҳастанд  ва ҳам туркзабон. Аммо аксарияти мардуми Туркия аз нажоди Ҳинду Урупойи ҳастанд ва фақат забонашон туркӣ шудааст.

Агар миёни мардуми Туркия бо туркони Осиёи Марказӣ  тафовути зоҳирӣ вуҷуд дорад, далелаш дар тафовути нажодист. Масалан қазоқҳо ва қирқизҳо ҳам туркнажод ва ҳам турзабон ҳастанд. Вале мардумиТуркия ориёнажодоне ҳастанд, ки  забони ҳинду урупойии худро фурӯ гузоштанд ва ба ҷои он ба туркӣ таккалум карданд.

Шабоҳати чеҳраи тоҷикон ва мардуми Туркия низ гӯёи ин ҳақиқат аст, ки ҳар ду миллат аз як нажод ҳастанд. Бо ин тафовут, ки мардуми Тоҷикистон забони ҳинду урупойии худро нигаҳ доштанд ва туркзабон нашуданд.

Дар Осиёи Марказӣ мардуми ориёинажод ва форсзабон қарнҳо дар канори мардуми туркнажод ва туркзабон дар канори ҳам зиндагӣ кардаанд ва то пеш аз ду қарни гузашта  бар сари ҳувият ҳеҷ мушкиле надоштанд. На мо тоҷикон сар дар гум будем ва на туркон.

Аммо Шумо мардуми Туркия, таркибе ҳастед аз ду ҳувияти мухолиф. Шумо порае аз ду ҳувияти тоҷик  ва туркро доред. Ба лиҳози чеҳра шабеҳ ба тоҷикон ҳастед, зеро мо ва Шумо аз як нажод ҳастем ва шабоҳати миёни мо амрест, табии.  Шумо наметавонед шабеҳи як қирқиз ё қазоқ шавед ва наметавонед чеҳраи онҳоро дигар карда ва онҳоро монанди худ  ориёниаш кунед.

Аммо акнун забони Шумо дар Туркия, монанди забони қирқизҳо ва қазоқҳо аз хонаводаи забони туркист ва шумо исрор доред, ки туркзабон бимонед. Вале ҳамзамон наметавонед, худатонро ба лиҳози чеҳра  турк бихонед.

Барои ҳалли ин дугонагӣ мехоҳед мо тоҷикон ҳувияти якдасти худро  ба канор ниҳода ва туркзабон шавем, то шумо идао кунед мардуми Туркия ва Тоҷикистон аз як тира турк ҳастанд, ки аз лиҳози зоҳирӣ бо дигар туркони осиёи Марказӣ  муттафовутанд.

Акнун беҳтар он аст, ки ба ҷои  ин ки мо тоҷикон торихро  фиреб дода  ва худро турк бихонем, шумо мардуми Туркия ба решаи нажоди худ бозгашта ва эълом кунед, ки мардуми ориёинажод ҳастед, ки забонатон туркӣ шудааст.

Ман гумон намекунам каси дигаре ба ғайри Раҳим Масуф метавонист чунин посухи мунтиқӣ ва илмӣ ба мақомоти турк бидиҳад ва аз ҳувият ва забони тоҷикон дифоъ кунад.

Мо мардуми форсзабон ҳаргиз ҳувияти худамонро ба дигарон таҳмил накардем. Агар касоне забони моро омӯхтаанд ва ба кор бастанд, комилан довталабона будааст.

Пас аз суқути Сомониён, барои ҳазор сол ақвоми гуногуни турк бар сарзаминҳои мо  ҳукумат карданд, ҳар қабилаи турк ҳукуматашро  бо забони туркӣ оғоз кард, вале бо гузашти замон  туркиро фурӯ гузошт ва форсизабон шуд. Он чи сабаб ин тағъири забон  ва ба дунболи он  тағъири фарҳанг шуд,  ҷозибаи забон ва фарҳанги мо  буд, ва гар на  мо зӯри шамшери фотеҳони туркро доштем  ва на на майли таҳмили фарҳанги худро.

 Аммо бо зуҳури падидаи давлат- миллат пойи дигарсозии ҳувият ба Осиёи Марказӣ  боз шуд, ки оғозгари он Туркия ва понтуркизме буд, ки тавасвути он давлат дар даврони ҷанги Ҷаҳонӣ  аввал ба Осиёи Марказӣ  содир шуд, натиҷаи нуфузи сиёсии  понтуркистҳо барои тоҷикон “Табартақсим”-ӣ ва сипас турксозии тоҷикон буд.

Кӯшиш барои тағъири ҳувияти тоҷикон дар Узбакистон аз солҳои поёни ҳукумати Шӯравӣ  намунаи зиндае раванди ҳувиятзудоӣ аст, ки ҳамонгунае ки гуфта шуд ҷарақааш дар солҳои Ҷанги  ҷаҳони аввал дар Осиёи Марказӣ  зада шуда буд.

Аммо дар ин ҳувиятзудоӣ набояд фақат понруркисмро гунаҳкор донист, тоҷикони тарсӯе, ки  бо камтарин фишор  ҳувияти худро тарк карданд, ба андозаи понтуркистҳо муқассиранд.

Тоҷикон агар дар муқобили фишори тағъири ҳувият  истодагӣ мекарданд ва зуд таслим намешуданд, понтуркистҳо наметавонистанд коре аз пеш баранд.

Ман гумон мекунам, посухе ки Раҳим Масуф  ба мақомоти Туркия  дод, намунаест олӣ аз шаҳомати ахлоқӣ ва илмии як тоҷик. Ҳар тоҷик бояд аз посухи Масуф дарс биёмӯзад ва бидуни ҳарос  ва мулоҳиза муқобили ҳувияташ истодагӣ кунад.

Агар мо чунин кунем ва роҳи пруфессур Масуфро идома бидиҳем, равони ӯро шод кардаем.

Баҳмани Озодфар,

моҳи ноябри соли 2019 кишвари Сувид (Швеция).

Баргардон аз дабираи форсӣ Абдулқодири Алавӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *