Олимон: Коронавирус хотираро заиф мекунад

Олимон ба хулосае омадаанд, ки гум шудани хотира метавонад оқибати дарозмуддати коронавирус бошад. Натиҷаи чунин тадқиқот дар маҷаллаи JAMA Network Open нашр шудааст. Дар ин тадқиқот  740 нафар беморони шифоёфта  аз Ню-Йорк иштирок доштанд. Дар ҷисми  24% одамоне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, нуқсонҳои когнитивӣ, ки бо раванди хотира алоқаманданд, ошкор шудаанд. 23% беморони дигар маълумотеро, ки қаблан аз худ карда буданд, дар хотир надоштанд. Ба гуфтаи олимон, онҳое, ки бо коронавирус дар беморхона бистарӣ шудаанд, нисбат ба онҳое, ки бемории сабук доранд, бештар мушкилот доштанд. Ҳангоми омӯзиш аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки калимаҳоеро, ки бо ҳарфи «C» оғоз мешаванд, номбар кунанд ё ягон ҳайвонотро номбар кунанд. Ба беморони дар беморхона хобида ичро кардани вазифахо нисбат  ба онҳое,ки дар хона табобат гирифтаанд, душвортар буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *