Олимони тоҷик дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ихтироъ карданд
Тавре дар нишасти имрузаи матбуотӣ президенти Академияи Улум, академик Фарҳод Раҳимӣ гуфта шуд, олимони тоҷик дастгоҳи нафакашии сунъиро ихтироъ ва озмоиш кардаанд.
Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилӣ” аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст. Таре дар нишаст гуфта шуд, дастоварди дигари олимони тоҷик дар ин давра шурӯъ кардан ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий мебошад, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад. Илова бар ин, дар шашмоҳаи аввали соли равон бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шуд.Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад .
А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ