Олимпиадаи Рио-2016: Ҳисоби медалҳо баъд аз 9 рӯзи мусобиқаҳо
Мунтахаби олимпии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар аксари Бозиҳои тобистонаи олимпӣ фаъолона ширкат варзида, аз дастаҳои пурқуваттарин ба шумор меравад ва дар ҷамъбасти натоиҷи бештари бозиҳо аз ҳама зиёдтар медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ соҳиб шуда, воқеан яккатоз мемонад. Фақат ба мунтахаби Хитой дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ, ки мизбонии онро дар шаҳри Пекин соли 2008 ба зимма дошт, мунтахаби ИМА-ро ба ҷойи дуюм фаровард. Олимпичиёни амрикоӣ дар Пекин он сол 110 медал (36 тилло, 38 нуқра, 36 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Хитой низ 100 медалро ба даст оварда буд, вале теъдоди ҷоизаи асосии Бозиҳо – медали тиллояш аз амрикоиҳо 15 адад зиёд буд.
Аммо дар Олимпиадаи Лондон-2012 мунтахаби ИМА дастаи Хитойро гузашта, боз ҷойи аввалро ишғол намуд – 103 медал (46 – 28 — 29). Хуллас, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ рақиби арзандаи ба мунтахаби ИМА бо дили пур сар ба сар шуда метавонистагӣ танҳо олимпичиёни «Зери гардун» — хитоиҳо мебошанд. Натиҷаҳои ҳисоби медалҳо пас аз 9 рӯзи мусобиқаҳо дар Олимпиадаи Рио-де- Жанейро -2016 бошад, дар садри Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ боз мунтахаби ИМА-ро касб кардааст. Амрикоиҳо 69 медал (26 тилло, 21 нуқра- 22 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ба ҷойи дуюм мунтахаби Британияи Кабир бо 38 медал (15-16-7) гузаштааст. Дунболагири мунтахаби ИМА дастаи Хитой бо 45 медал (15-13-170 ба зинаи сеюм фаромадаанд. Шумори медалҳои тиллои бритониёҳо бо хитоиҳо баробар -15 адад бошад ҳам, аммо шумори медалҳои нуқраашон аз хитоиҳо 3 адад зиёд аст. Аз ин рӯ, ҷойи дуюм алҳол насиби бритониёҳо гаштааст.
Мунтахаби Русия баъди маҳрумияти допингӣ ҳамоно барои ҷойи сеюм талош меварзад. Русҳо пас аз 7 рӯзи мусобиқа дар ҷойи шашум қарор доштанд. Рӯзи нуҳум барои олимпичиёни Русия бобарортарин рӯз ба шумор меравад. Онҳо ба ҳисоби худ 3 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ навишта, бо 30 медал (9-11-10) ба зинаи чорум баромаданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ