Олмон атри “Шабнами Сурайё” баровард
Нархи як шиша атри 89 евро (105 $) муқаррар шуда ва гуфта мешавад, ки ин атрҳо дар Олмон тавлид мешаванд.
Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки атри нави занонае бо номи ӯ — «Shabnam Surayo” — ба фурӯш баромадааст.
Барои фурӯши атри «Shabnam Surayo” дар Интернет ҳатто як сомонаи вижа сохтаанд..
Дар ин сомонаи нархи як шиша атри 89 евро (105 $) муқаррар шуда ва гуфта мешавад, ки ин атрҳо дар Олмон тавлид мешаванд.
Дар муаррифиномаи атри «Shabnam Surayo” гуфта мешавад, ки «атри «Shabnam Surayo” аз табиат илҳом гирифта, як намунаи назокати нодиданист. Рамзи камол ва гармония аст. Шабнами Сурайё бо роҳи омезиши зеботарин ашёи табиӣ атре сохтааст бепоёну дурахшон ва дар айни замон – моеъ ва сода.”Худи Шабнам дар саҳифааш дар Инстаграм чунин навиштааст: «Имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид. Атре, ки дар офариданаш ман бо гурӯҳам хеле кор кардем. Ин ҳадяи беҳтарин дар ҷашни таваллуди ман аст ва на фақат барои ман, зеро ҳамаи кӯшишҳоям ҳамеша ба хотири эҳтироми мухлисонам буду ҳаст. Аз ҳамин рӯз ба баъд шумо метавонед дар тамоми кишвар атри маро бо фармоишот харида гиред.. Сад харидори аввал бо соядасти ман соҳиби ин атр мешаванд. Дӯстатон дорам! Шумо илҳомбахши ман ҳастед!”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ