Олмон ба тавсеъаи равобит бо Тоҷикистон алоқаманд аст

Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

Дар мулоқоти ҳайати парлумони Олмон бо масъулони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеъаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон, Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот бо  ҳаӣати кумита оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Бундестаги Олмон таҳти раёсати Петер Раӣзауэр Тоҷикистонро шарики боэътимоди барномаи ҳамкориҳо баҳри рушди ин кишвар арзёбӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону-Олмон ин заминаи шартномавӣ -ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

То ба имрӯз баӣни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9-ро созишномаҳои байниидоравӣ ва 1-ро изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *