Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион евро ҷудо мекунад

Бонки рушди Олмон тасмим гирифтааст, барои иҷрои тарҳҳои бахши кишоварзии Тоҷикистон 9,6 миллион евро ҷудо кунад.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин замина Неъматулло Ҳикматуллозода ва Андреас Шнайдер, масъули бахши Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон санади ҳуқуқиро имзо карданд.

Олмон аз нахустин кишварҳои Аврупоист, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ оғоз кардааст. Ин кишвар ҳамасола ба Тоҷикистон кумакҳои билоивази молӣ ироа мекунад.

Соли 2017 ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон дар доираи ду грант, ки яке, 16,5 миллион ва дигари 14,6 миллион  ва дар маҷмӯъ 31 миллиону 100 ҳазор евро евроро ташкил медиҳад, кӯмаки молиявии бебозгашт дода буд.

Гранти нахуст барои рушди кишоварзӣ ва боқимонда барои мубориза бо бемории сил ва барқарор сохтани инфрасохтори коммуналӣ, масраф шуданд.  Аммо гранти дуввуми барои беҳтар кардани амнияти озуқавории модару кӯдакон, ба нақшагирии оила ва саломатии модару кӯдак, пешбинӣ шуда буд. Мусоидат ба рушди маҳалҳои баландкӯҳ низ яке аз ҳадафҳои ин грант будааст.

Кӯмакҳои давлати Олмон дар чорчӯби ҳамкориҳои молӣ ва фаннӣ ба Тоҷикистон то кунун ҳудуди 200 миллион евроро ташкил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *