Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» 10 млн евро медиҳад

Барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар ВМКБ шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро ба имзо расид.  

Санади мазкурро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Вероника Гарсия дел Арко, Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари Ширкати «Помир Энерҷӣ» имзо карданд.

То имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар маҷмуъ 84 млн доллар грант ҷалб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *