Олмон + Осиёи Марказӣ. Аз “Долони миёна” то уҳдадории 5 кишвар
Мулоқоти аввалини раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон 29-уми сентябр дар шаҳри Берлин баргузор шуд. Натиҷаи ин мулоқот эъломияе шуд, ки сарони кишварҳо зераш имзо гузоштанд.
Олмон + Осиёи Марказӣ
Дар эъломияе, ки зери он нахуствазири Олмон Олаф Шолтс ва президентони Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон — Содир Ҷабборов (Жапаров), Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев ва раҳбари парлумони Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо карданд, ба “аҳамияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти тақвияти қонун, демократия, мудирияти хуб, баробарии ҷинсиятӣ, ҳуқуқҳои универсалӣ ва озодиҳои бунёдӣ дар доираи стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз соли 2019” таъкид шудааст.
Вале нуктаи муҳимми ин протокол уҳдадории панҷ кишвар ба роҳ надодани фирори Русия аз таҳримҳо мебошад.
Дар матни эъломия омадааст: “Раҳбарон бори дигар уҳдадор шуданд, ки ба хотири сулҳу субот, демократия ва ҳукумати қонун ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд”.
“Эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии тамоми кишварҳо ва адами истифодаи нерӯ… ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ аз роҳи сулҳомез” аз уҳдадориҳои дигари раҳбарон будааст.
Гарчанде дар матни Эъломия мушаххасан номи Русия наомадааст, вале маълум аст, ки бандҳои санад ба ин кишвар, ки 2 соли охир дар қаламрави Украина амалиёти низомӣ мегузаронад, равона шудааст.
Аз муҳоҷират то илм
Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бахши дигари муҳим аз сафари сарони кишварҳо мебошад.
Бахусус, дар бахши муҳоҷират эҳтимоли ҳам ба Олмон барои кор фиристодани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ҳам омода кардани коргарони соҳибихтисос баррасӣ шудааст.
Дар вохӯрии раҳбарон аз ҷумла ба тақвияти ҳамкориҳои минтақа бо Олмон дар рушди энергияи сабз, соҳибкории хусусӣ, фароҳам кардани шароити кору даромади расмӣ ё муҳоҷирати корӣ таъкиди ҷудогона шудааст.
Яке аз мувофиқаҳое, ки дар ин ҷаласа ба даст омадааст, кор дар самти тақвияти роҳҳои иртиботии миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тавассути тарҳи “Долони миёна” мебошад. Ҳадафи ин тарҳ эҷоди роҳҳои иртиботу нақлиёт ва боркашонӣ ба хотири тавсеаи имкониятҳои рушди иқтисодӣ гуфта мешавад. Барои кор дар ин тарҳ қарор аст бо ёрии ташкилоти молии байналилалии мисли Бонки аврупоии таҷдид ва рушд роҳҳои ҷалби сармояву маблағгузорӣ андешида шавад.
Яке аз дигар масоиле, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Олмон мувофиқа ба даст оварданд, ин зарурати ташвиқу рушди ҳамкориҳои миёни созмонҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи маданӣ, ҳамкориҳо дар бахши маориф ва таҳқиқот мебошад. Аз ҷумла, таълими забони олмонӣ дар муассисаҳои маърифатии минтақа идома хоҳад ёфт.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ