Олтерс: Низоми андозбандӣ ислоҳот мехоҳад

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, ки дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба ислоҳоти низоми андоз дар кишвар даъват кард.

Ян-Петер Олтерс дар ҷаласаи рӯзи 20 феврал гуфтааст, ки дар суханронии хеш дар ин шӯро ба чанд нуктаи заъфи андозситонӣ дар Тоҷикистон таъкид карда гуфт, гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ омода аст ислоҳотро дар ин самт дастгирӣ кунад.Ҷаноби Олтерс дар ин суханронӣ аз ҷумла гуфт, “ҳар қадаре, ки ҷамъоварии андоз барои корхонаҳо пешгӯинашаванда гардад, ҳамон қадар онҳо камтар дар ихтиёри Кумитаи андоз қарор ёфта, иҷрои нақшаи ҷамъоварии зикршудаи андозро мушкилтар мегардонад. Аз як тараф, ин ба афзоиши шумораи санҷишҳои андоз, ҷаримаҳо ва дархостҳои пешпардохти андоз оварда мерасонад, ки он ташаббусҳои соҳибкориро бештар маҳдуд месозад”.Дар ҷаласаи XIX Шӯрои беҳтар гардонидани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба ҷуз аз вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ Пратибҳа Меҳта, намояндагии Барномаи рушди СММ, Лючиано Колестини, намояндаи Хазинаи кудакони СММ ва дигарон иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *