Олудагии ҳаво дар Тоҷикистон: 64 миллион доллар зарар

Дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгоҳи санҷиши вазъи олудагии ҳаворо насб карданд.

Дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгоҳи санҷиши вазъи олудагии ҳаворо насб карданд.

Ҳадаф аз насб кардани асбоби мазкур чен кардани микдори зарраҳои сахт дар ҳаво мебошад. Муайян кардани миқдори зарраҳо дар ҳаво ҳамчун нишондиҳандаи сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорати ИМА, ки дар маҳаллаи Зарафшон ҷойгир мебошад, хизмат хоҳад кард.

Олудаҳое ба монанди зарраҳои сахт ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Хусусан, онҳо метавонанд ба вазъи саломатии гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ, аз ҷумла одамони гирифтори бемориҳои дил ва шуш, кӯдакон ва пиронсолон таъсири ҷиддӣ расонанд. Маълумот дар бораи сифати ҳаво дар режими вақти воқеӣ интишор мешавад ва олимону муҳаққиқон, намояндагони ҳукумат ва қишри васеи ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд аз он истифода баранд. Ҷон Поммершайм, сафири Амрико гуфт, ки натиҷаи ташхис ба таври онлайн ба ҳама дастрас хоҳад буд.

“Ҳамасола дар Амрико 135 ҳазор нафар аз олудагии ҳаво мемиранд. Хисороти иқтисодӣ низ андак нест. Бонки Ҷаҳонӣ хабар медиҳад, ки соли 2016-ум аз сабаби олудагии ҳаво ва корношоямии сокинони Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар 64 миллион доллар зарар расидааст”, — афзуд вай.

Ҳамчунин сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни суханронии худ ироа намуд, ки Департаменти давлатӣ тасмим гирифтааст, дар ҳамаи сафоратҳои Иёлоти Муттаҳида дар хориҷа таҷҳизоти санҷиши олудагии ҳаворо насб кунад. То кунун чунин дастгоҳро дар пойтахти Туркманистону Қазоқистон васл кардаанд.

“Дар зудтарин фурсат коршиносони Оҷонси ҳифзи муҳити зисти Амрико вориди Душанбе шуда, бо мақомоти пойтахт ҳифзи сокинон аз олудагии ҳаворо баррасӣ мекунанд”,-қайд намуд ҷаноби Ҷон Поммершайм.

Асбоби назораткунандаи дар боло зикрёфта миқдори зарраҳои дорои диаметри камтар аз 2,5 микрометр (PM 2,5)-ро муайян менамояд. Чунин зарраҳо «зарраҳои хурд» номида мешаванд ва чуноне ки муқаррар шудааст, онҳо аз ҳама бештар ба саломатӣ хатар эҷод менамоянд, зеро ки онҳо метавонанд тавассути шуш ба ҷараёни хун ворид шаванд. PM 2.5 ҳамчун меъёр аз ҷониби Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист (EPA) эътироф шудааст ва он имкон медиҳад, ки бо чораҳои стандартии ИМА муқоиса карда шавад.

Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист формулаеро матраҳ намуд, ки барои табдил додани нишондиҳандаҳои РМ 2.5 ба бузургии индекси сифати ҳаво (AQI) истифода бурда мешавад. Ин формула барои иттилоъ додан дар қабул кардани қарор дар робита ба саломатӣ кумак карда метавонад. Масалан, агар бузургии AQI ба 50 баробар бошад, пас сифати ҳаво хуб ба шумор меравад ва эҳтимолияти таъсиргузорӣ ба саломатии аҳолӣ хеле ночиз аст, вале агар бузургии AQI аз 300 болотар равад, сифати ҳаво хатарнок маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *