Омӯзгори асил. Дар ҳошияи зодрӯзи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода

Омӯзгорӣ касби пуршараф ва дар айни замон пурмасъулият мебошад. Зеро омӯзгорон, аз як тараф, насли шоистаи давронро тарбия кардаву ба камол расонанд, аз ҷониби дигар, дар рушди маънавӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

Зиёдулло Абдулзода аз ҷумлаи ҳамин гуна омӯзгорон ва роҳбаронест, ки мунтазам ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ талош менамояд.

Ӯ фаъолияти хешро ҳамчун омӯзгори мактаб оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои роҳбарикунанда идома додааст. Ҳоло назорату роҳбариро дар самти муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ дар Вазорати маориф ва илм бар дӯш гирифт. Зеро барояш ҳама паҳлуҳои соҳа ошноянд ва роҳҳои раҳоӣ аз мушкилот ва такмил бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимиро хубу дақиқ медонад. Ӯ солҳо боз дар мактаб фаъолият карда, дуруст дарёфтааст, ки беҳтарин роҳи пешрафти соҳа ба маърифату касбияти баланди омӯзгор иртибот дорад.

Зиёдулло Абдулзода талош менамояд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пешрафтаю интеллектуал бошанд, аз донишҳои муосир бархӯрдор гарданд ва дар зимн, бо истифода аз технологияи замонавӣ ва воситаҳои аёнӣ дарсҳоро пурсамар ва ҷолиб баргузор кунанд. Чунки хонандагон ҳамон вақт ба дарсҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, ки он мавзуъ ва иттилою маълумотеро, ки аз омӯзгор ба даст меоранд, дар ҳаёт татбиқи онро дарёбанд.

Ӯ дар ҳар ҷое, ки кор кардааст, фаъолияти пурсамар нишон додааст ва дар пешрафти соҳа саҳми муносиб гузоштааст. Ҳангоми фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ кӯшиш кардааст, ки равобитро бо волидайни хонандагон беҳтар, устодону омӯзгорони лаёқатмандро дастгирӣ намояд ва ҷараёни таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монад. Мавсуф хуб дарк кардааст, ки нақши роҳбар дар пешрафти мактаб муҳим мебошад, зеро аз як тараф, бояд паҳлуҳои таълиму тарбияро хуб донад, аз ҷониби дигар, фазои хуби таълимӣ ва муҳити маънавию маърифатиро таъмин созад. Ҳоло ҳамчун муовини вазири маориф ва илм ҷанбаи фаъолияташ густариш ёфт ва рисолаташро бо дили гарму сари баланд иҷро мекунад. Мунтазам ба муассисаҳои таълимӣ меравад, аз сатҳу сифати раванди таълиму тарбия огоҳ мегардад ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти соҳаро нишон медиҳад. Ҳангоми суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ҳеҷ гоҳ аз шеваи дуруштгуфторӣ истифода намекунад, касеро намеранҷонад ва ё руҳафтода намесозад, балки баръакс падарвор насиҳат мекунаду ҳамчун мутахассиси самти худ маслиҳату машварат медиҳад, то мушкилу камбуди ба мушоҳида расида бартараф карда шавад. Ба он андеша аст ва ҳамеша таъкид низ мекунад, ки мактаббача бояд дуруст фикр карда тавонад ва пайваста китоб мутолиа кунад. Роҳҳои гуногуни идоракунии хонандаро ба омӯзгорон таъкид месозад ва мегӯяд, ки омӯзгор бояд методисти хуб бошад, муносибат карда тавонад, донишманд бошад. Агар омӯзгор ин маҳоратҳоро доро бошад, пас хонанда худ донишмандии омӯзгорро эҳсос ва ӯро эътироф мекунад.

Абдулзода Зиёдулло Назар инсони шарифу хоксор, омӯзгори мушфиқу ғамхор ва намунаи ибрат барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки абёту зарбулмасал, мақол ва нуктаҳои ҳикматбори зиёдеро азёд медонад ва дар маҷлису суҳбатҳо ҷиҳати такмили андешаҳояш бамаврид истифода мекунад. Дарвоқеъ, устод шахси фарҳангӣ, адабиётдӯст ва маърифатпарвар буда, гоҳо барои таъкиди як масъала байте аз шоирону мутафаккирон меорад, ки таъсири бештар дорад ва ин омил, аз як тараф, моро ба умқи масъала наздик кунад, аз ҷониби дигар, аз донишу ҷаҳонбинӣ ва андешаи фарохи ӯ шаҳодат медиҳад…

2-юми ноябр муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар зодрӯз дорад. Ба ин муносибат ӯро самимона табрик гуфта, барояш саломативу сарбаландӣ ва дар фаъолияташ пешрафту дастовардҳои бештарро таманно дорем.

Насриддин ОХУНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *