Омӯзгори забони англисӣ дар муҳоҷират ҷон дод (аудио)

Шаби 9-10-уми май дар шаҳри Маскав омӯзгори ҷавони забони англисӣ Сафаров Соимҷон ҳангоми кор дар яке аз сохтмонҳои ин шаҳр ҷароҳат бардошта, аз олам даргузашт.

Сафаров Соимҷон 27 сол дошт ва то муҳоҷират дар мактаби №13-и ноҳияи Тоҷикобод муаллим буд.

Дар бораи марги Сафаров Соимҷон ҳамкораш Суҳроб Ваҳҳобниё дар “Фейсбук” хабар дод. Номбурда навиштааст:

“МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮЙИ Ӯ БОЗМЕГАРДЕМ!

Ҳар азизе аз ҷаҳон бигзашт, бе мо нагзарад,

Ҳар яке ҳамроҳи худ як пора аз мо мебарад.

Шаби 9-10-уми май ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Маскав, собиқ омӯзгори фанни забони англисии мактаби мо Сафаров Соимҷон ҷароҳат бардошта, дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр пас аз ҷарроҳӣ дар 27-солагӣ ба раҳмати Ҳақ пайваст. Аз Соимҷон ду фарзанд — як духтар ва як писар, ки ҳанӯз мактабхон нестанд, ба ёдгор монд.

Ҳайати омӯзгории мактаб ба наздикон ва пайвандони Сафаров Соимҷон аз даргоҳи Парвардгори қодиру тавоно ва ҳакиму доно сабри ҷамил ва таҳаммулу бурдборӣ хоста, барои марҳум биҳишти ҷовидониро таманно мекунад.

Руҳаш шод ва манзили охираташ пурнур бод!”.

Дар муҳоҷират ҷон додани Соимҷон Сафаров дар ҳолест, ки дар мактабҳои кишвар муаллими забони англисӣ намерасад. Аммо бо сабаби кам будани маош ва надоштани имтиёз муаллимон тарки пеша карда, рӯ ба муҳоҷират меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *