ОМ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ густариш меёбанд

Дар доираи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 13-14-уми сентябр Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои ДМТ, дар ифтитоҳи форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгул Атаева, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Сарвархон Бузрукхонов ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

— Қобили зикр аст, ки дар форум намояндагони 70 донишгоҳ ширкат намуданд, ки аз ин 35 нафар намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон буданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои Осиёи Марказӣ 40 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Аз ҷумла, байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н. Гумилёв, Донишгоҳи Ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауезов ва Донишгоҳи IT-и Остона дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи факултети муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.

— Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии форум омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои минтақа мебошад,- илова мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *