Омӯзгоре хонандаи мактабро латту кӯб кард

Мақомоти маорифи Ӯзбекистон тафтиши ҳодисаи латту кӯби хонандаи синфи 3-ро аз сӯи омӯзгори мактаби №79 дар шаҳри Челаки вилояти Самарқанд шуруъ карданд.

Сокини маҳаллӣ Диёрҷон Бадалбоев омӯзгорро дар латту кӯби писари 9-солааш Масъуд айбдор кард.

«Писари ман Масъуд рӯзи 18 сентябр ба мактаб рафт. Омӯзгор С.Х. аз хонандагон хост, ки диктант нависанд. Ба далели он ки Масъуд дар навиштан иштибоҳе содир кард, омӯзгор ӯро шадидан латту кӯб кардаст», — гуфт сокини маҳаллӣ.

Омӯзгор ба волидони Масъуд гуфтааст, ки мушкили хонаводагӣ дошт ва дар мактаб натавонист, хӯдро идора кунад.

Мақомоти маориф гуфтанд, хонандаро аз ташхиси табибон гузаронида, натиҷаи онро мунтазиранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳбарияти мактаб аз волидони Масъуд хостааст, шикояташонро аз милиса бозпас гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *