“Омӯзгори ҷавон”: Ранҷанд ҳам, номашонро менависем!
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон натиҷаҳои рейди назоратиро, ки бевосита аз ҷониби ректор, академик Носирҷон Салимӣ дар назди даромадгоҳи муассиса гузаронда шудаанд, оммавӣ кардааст.
Тибқи иттилои сомонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ дар пайи ин рейд муайян шуд, ки на танҳо донишҷӯён, балки омӯзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд: “Саҳлангорӣ ва бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки беш аз 50 фисади масъулин то ду соат ба кор дер омаданд. Барои мисол метавон гуфт, ки як қатор мутахассисони Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, бо шумули Ҳабиб Салимов, Акмал Холиқов, Шаҳноза Ваҳобова, Марҳабо Каримова, Зафари Саидмукаррам, Лутфуллои Саъдулло, Икром Муъминов ва Умедҷони Лоиқшо бо вуҷуди он ки дер карданд, бе ягон ҳисси масъулият, бепарво вориди донишгоҳ шуданд. Суоле ба миён меояд, ки ба ашхоси мазкур, ки то ин ҳад интизоми корро дағалона вайрон мекунанд, метавон тақдири раванди донишандӯзии муҳассилинро бовар кард?! Кормандони Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатмионӣ дар масъалаи дер омадан кормандони Маркази маркази бақайдгирӣ ва машваратиро, ба қавле, «ба як нӯл заданд». Онҳо ҳамаашон гӯё пешакӣ маслиҳат карда бошанд, ки ба ҷуз Суҳроби Саидшо (соати 7:49) баъди соати 8 дар ҷои кор ҳозир шуданд. Бисёр таассуфовар аст, ки худи директори марказ Сулаймон Шукуров, на танҳо дар рӯзи аввали рейд, балки дар рӯзи дуюм низ бемасъулиятона ба кор омад. Дар хусуси фаъолияти сохтори мазкур баъзе маълумотҳо дастрасанд, ки мавзӯи мақолаи дигаранд”.
Дар матлабе, ки сомонаи ДОТ нашр кардааст, таъкид шудааст, ки ҳудуди панҷоҳ дар сади донишҷӯён баъди соати 7:30 ба дарсҳо ҳозир мешаванд: “Онҳо пайваста баҳона пеш меоранд, ки «нақлиёт нест ва ё дар тамба монданд». Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосӣ дар дигар ҷост. Агар масофаи роҳ миёни бозори «Саховат» то донишгоҳро ба ҳисоб гирем, ду канори шаҳр аст, аммо омӯзгорони иқоматкунандаи хобгоҳи №9 соати 7:10 ба кор ҳозир мешаванд. Пас, чаро дигарон наметавонистаанд? Дар басти дуюм ҳам ҳолатҳои дер мондани донишҷӯён ба назар мерасад. Магар онҳо ҳам «дар тамба» мемонанд?”
Манбаъ афзудааст, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, ки бояд субҳи барвақт дар ҷои кор ҳозир шуда, раванди ҳозиршавӣ, одобу ахлоқ ва сару либоси донишҷӯёнро назорат намояд, худ интизоми меҳнатро дағалона вайрон кард.
Тибқи иттилои сомонаи ДОТ дер мондан ба дарсҳо, риоя накардани сару либоси тавсиявӣ, риши расида ва ҳатто, додани ҷузвдон ба донишҷӯи дигар аз болои панҷара амалҳои зиштеанд, ки дар донишгоҳ ҳамарӯза ба назар мерасанд.
Муаллифони матлаб таъкид кардаанд, зумрае аз масъулон, ки ному насабашон дар боло зикр шуд, меранҷанду дар дил кина меварзанд: “Аммо чун тақозои роҳбарияти донишгоҳ, хосса, ректор, академик Салимӣ аст, ки камбудиҳоро ошкоро бинависем, ҳайати эҷодии «Омӯзгори ҷавон» мекӯшанд, ки ба хотири ислоҳи ноҷӯриҳо тавассути сухан таъсиргузор бошад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ