Омӯзгорон аз ҷайби худ барои китобҳо 10 доллар месупоранд
Омӯзгорони чанд мактаби вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон шикоят карданд, ки мудирони мактабҳо аз маоши онҳо барои иҷораи китобҳои дарсӣ 10-долларӣ мегардонанд.
Ба гуфтаи омӯзгорон, роҳбарияти шуъбаи маорифи маҳаллӣ дар ин бора ба мудирони мактабҳо дастур додааст.
Ин дар ҳолест, ки вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон хабар дод, иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли хониши 2019-2020 боло бурда мешавад. Вазорати мазкур гуфт, нашр ва хизматрасонии тақсимоти китобҳо гарон шудааст ва ба ин далел, иҷораи он ҳам боло бурда шуд.
Мудирони мактабҳо ба омӯзгорон ваъда додаанд, ки маошашонро аз ҳисоби пардохти волидон барои иҷораи китобҳои дарсӣ бармегардонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ