Омӯзгорон то соатҳои 10-11-и рӯз кӯчаҳоро мерӯбанду боғҳоро тоза мекунанд

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ҷалби омӯзгорони мактабҳои миёна ба рӯбучини кӯчаву боғҳо идома дорад.

Ба гуфтаи шореҳ аз Ишқобод Амонмурод Бугаев, омӯзгорон аз баромадани офтоб то соатҳои 10-11-и рӯз кӯчаҳоро мерӯбанду боғҳоро тоза мекунанд.

«Дар наздикии мактабҳо боғҳо ҳастанд. Омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ки онҳоро тоза карда, кӯчаҳоро рӯбанд. Баъд аз соати 10, ки ҳаво гарм шуд, ба мактаб баргашта, бо волидони хонандаҳо тамос мегиранд ва ба онҳо қоидаи нави либоси мактабиро мефаҳмонанд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Имсол дар муассисаҳои таълимии Туркманистон либоси нави мактабӣ ҷорӣ карда шуд. Духтарон акнун бояд куртаи кушоду дароз ва шалвори миллии гулдӯзидор пӯшанд.

Ба гуфтаи Бугаев, ба омӯзгороне, ки кӯчаву боғҳоро тоза мекунанд, маоши иловагӣ дода намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *