Омӯзгорони нафақахӯрро аз кор мегиранд
Дар ноҳияҳои Янгибозор, Хива ва Боғоти вилояти Хоразми Ӯзбекистон аз аввали моҳи январ даҳҳо омӯзгор ва мураббии боғчаҳоеро аз кор озод карданд, ки синашон ба нафақа расидааст.
Ин барканориҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки дар Ӯзбекистон тамоми кормандони синашон ба бознишастагӣ расида аз 1 январи соли равон пули нафақаи худро пурра дарёфт хоҳанд кард. Омӯзгорон ва мураббиҳои барканоршуда Идораи маорифи Хоразмро дар нақзи қонунҳои меҳнат ва саркашӣ аз иҷрои фармони президент дар бораи ҳавасмандкунии кормандони нафақахӯр айбдор мекунанд.
Мудири 62-солаи яке аз боғчаҳои ноҳияи Хива мегӯяд, ибтидои моҳи январ, баъд аз фармони президенти Ӯзбекистон барои пардохти пурраи пули нафақаи кормандони синашон ба бознишастагӣ расида аз мақом барканор шуд. «Зоҳиран барои онҳо ҳам пардохти маош ва ҳам нафақапулӣ мушкил пеш овард. Дар ноҳияи мо дар як рӯз шаш мудири боғча ва 9 мураббиро аз кор озод карданд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар Ӯзбекистон пештар кормандоне, ки синашон ба бознишастагӣ расидааст, 50%-и пули нафақаи худро дарёфт мекарданд ва аз 1 январи соли равон ба онҳо ҳамаи ин пул пардохт хоҳад шуд.
Дар Идораи маорифи Хоразм гуфтанд, бархе аз кормандонро барои он барканор мекунанд, ки ба кадрҳои ҷавон имкон фароҳам шавад.
Дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир сини нафақа барои мардон 60 ва барои бонувон 55 муайян шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ