Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон меафзоянд
Муовини аввали вазири маориф ва имли Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло мегӯяд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 теъдоди омӯзгорони рус дар макотиби Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ин нуктаро Мирбобоев имрӯз зимни нишасти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар ба рӯзноманигорон ироа кард.
Мирбобоев гуфт, ки соли гузашта 209 омӯзгор аз Русия дар макотиби таҳсилоти миёнаи кишвар дарс гуфтанд ва айни замон ба истироҳат баромаданд. “Омӯзгорони рус натанҳо аз фанни забони русӣ, балки аз фанҳои физика, математика, химия ва информатика ба толибилмон дарс гуфтанд. Қисми зиёди онҳо дар литсейҳои президентӣ ва литсейҳо барои кӯдакони болаёқат ба кор ҷалб шуда буданд”- гуфт номбурда.
Муовини аввали вазири маориф ва илм таҷрибаи омадани омӯзгорони русро мусбат арзёбӣ карда, гуфт ки соли оянда ва солҳои баъдӣ ин теъдод афзоиш меёбад. “Айни замон мо бо вазорати маорифи Русия дар мавриди афзудани теъдоди омӯзгорон мукотиба анҷом додем ва қарор аст, дар соли оянда ин теъдод то 50 нафари дигар афзояд”- гуфт Мирбобоев.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати мариф ва илми кишвар барои тавсеаи забони русӣ дар макотиби кишвар барномаи густардаеро роҳандозӣ кардааст ва нашри теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русӣ низ дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ