Омӯзгорро «облава” карданд
Сарҳадҷон Раҳимзодаи 24-сола, ки имсол Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда буд, рӯзи 9 октябр ба қабули мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ омад, то билохира фармонашро гирифта, ба касби дӯстдоштааш – омӯзгорӣ оғоз кунад. Вале дар шӯъбаи маориф ӯро ба ҷои фармони ҷои кор «облава” печонда, ба хидмати ҳарбӣ бурд.
Сарҳадҷон Раҳимзод баъди хатми риштаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ду соли дигар магистратура хонд ва имсол ба зодгоҳаш – деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ баргашт, ки ба касби интихобкардааш – таълиму тарбияи насли наврас бипардозад.
Аммо дар шӯъбаи маорифи ноҳия ӯро то моҳи октябр имрӯзу пагоҳ карда давонданд ва дар ягон мактаб барояш то имрӯз ҷои кор пайдо накарданд.
Муҳаммад, бародари Сарҳадҷон Раҳимзод мегӯяд: «Моҳи август ба шӯъбаи маориф рафт, гуфтанд, моҳи сентябр биё. Моҳи сентябр рафт, гуфтанд, 5 октябр биё. 5 октябр гуфтанд, рӯзи 10-ум биё. Вале дина бегоҳ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Аёнӣ Муллоғиёс Шарифзода ногаҳон зангаш зад, ки субҳ биё, фармонат омода аст. Вақте саҳар рафт, дар шӯъбаи маориф алакай кормандони комиссариати ҳарбӣ мунтазири ӯ буданд ва гирифта ба хидмати ҳарбӣ бурданд.”
Дар Тоҷикистон омӯзгоронеро, ки дар мактабҳои деҳот аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод кардаанд, вале мақомоти комиссариати ноҳияи Айнӣ ба Сарҳадҷон Раҳимзод ва наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ аз ин имтиёз бархӯрдор шуда наметавонад, чунки … фармонаш ҳанӯз набаромадааст.
Наздикони Сарҳадҷон Раҳимзод дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфтанд, ки онҳо ё худи Сарҳадҷон мухолифи хидмат дар артиш нестанд, вале ба чунин шева мисли дузд ва он ҳам дар шӯъбаи маориф бардошта, ба хидмати ҳарбӣ бурдани муаллими ояндаро қабул надоранд.
Яке аз дӯстони Сарҳадҷон мегӯяд: «Худаш аз ҳамин чиз озурда шудааст, ки охир, бояд мисли одам даъватнома медоданд барои хидмат.Ин хел фиреб дода, ба шӯъбаи маориф даъват кардан ва аз ин ҷо мисли дузд доштану бурдан чӣ маъно дорад?”
Дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиш идома дорад. Ин маърака аз 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад.
Ҳар сол дар остонаи оғози мавсими даъват ба артиш аз мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағозо мекунанд, ки аз шеваи «облава”, яъне даъвати маҷбурии ҷавонон ба хидмат кор нагиранд. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳои Тоҷикистон дар бораи аз кӯчаву бозор маҷбуран доштану ба хидмат бурдани ҷавонон шикоятҳои зиёд ба даст мерасанд.
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар пайи даъвати тирамоҳи соли 2016 аз 73 комиссари низомии шаҳру ноҳия 51 нафарашро ба сабаби қонуншиканиҳо ва камбудиҳо аз кор барканор кардаанд.
Ахиран муовини раиси вилояти Суғд гуфт, 55 нафарро дар ин вилоят солим ташхис карда, ба хидмат фиристодаанд, вале онҳоро аз қисмҳои низомӣ ба иллати маризиҳои ҷиддияшон бозпас ба хона ҷавоб додаанд.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол ба сафи нирӯҳои низомӣ ва ниманизомии Тоҷикистон тақрибан 15 -16 000 ҷавон барои хидмат даъват мешаванд. Ин дар ҳолест ки ҷамъи афроди синну соли хидматӣ, яъне аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон то 600 ҳазор нафар баровард мешавад
Бознашр аз сомонаи Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ