Омодагӣ ба сафари Мирзиёев
Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар раъси Азим Иброҳимов, муовини нахуствазир, субҳи 5-уми феврал ба Тошканд рафтааст. Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии сафари ин ҳайат ба Тошканд, таҳия ва баррасии санадҳои дидори қарибулвуқӯи Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон мебошад.
Дафтари матбуотии вазорати хориҷии Ӯзбекистон ҳам рӯзи 5-уми январ дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки музокироти ҳайатҳо дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар сурат гирифта, намояндагони вазоратхонаҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои муҳим гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон санадҳои аслии сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафари нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ба Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи январ мақомоти ҳарду кишвар барои ҳалли масъалаи раводид ё виза ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин дар масъалаи дубора фаъол намудани роҳи оҳани Амузанг — Хатлон Тирмиз ба тавофуқ расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ