Омадани сели харобкор ба Ашту Исфара

Борони шадиди рӯзи 13-уми июли сол равон муҷиби омадани сел ба деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шуд. Сел ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.

Рӯзи 14.07.2020 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешид, ба миқдори зарурӣ мавди сӯхт ҷудо шуд ва бо ҷалби 1 адад техника — экскаватори VOLVO  6 километр роҳи дохили деҳа аз қуму шағал тоза карда шуд.  

Ҳамчунин аз ноҳияи Исфара низ гузориш расид, ки рӯзи 14-уми июли соли равон, наздик ба шом бар асари боридани борони шадид дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз селроҳаи Лангар сел омада, ба 8 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон селоба даромад.

Соати 19:45 дақиқа бошад, сел ба 4 замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Ҷӯйи Дам ворид шудааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Манбаъ: Портали www.khf.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *