Ҷоми ҷаҳон-2018 — Ин чӣ шӯрест, ки дар ҳаштякфинал мебинам!

Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ

Шояд миллионҳо нафар дар баробари Леонел Мессӣ гиря карда бошанд. Шояд чандин нафар ин рӯзро чун рӯзи наҳс дар хотир супоранд. Шояди дигар ин, ки чандин ҳазори дигар аз ин нокомии Мессӣ хурсандӣ карда бошанд. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки тарафдору ҳаводори Криштиану Роналду ҳастанд. Ва аммо бехабар аз он ки баъди чанде дар ин шом худ низ бо чунин тақдир рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ин рӯз як ситора дар фазои футбол дурахшид, ки Килиан Мбаппе ном дорад. Ӯро ҳануз дар 13-солагиаш Зайниддин Зидан таги чашм карда буду мехост ба «Реал» барад. Мбаппе ҷавони 19-солаест, ки дар плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол ду гол задааст ва он ҳам ба дарвозаи Аргентина! Ӯро ба худи Пелеи маъруф баробар мекунанд. Маҳз ӯ буд, ки ба дарвозаи Аргентина аввал пеналтӣ оварду Гризман онро ба нишон расонд, сипас худаш ду гол зада, дастаашро аз мусовӣ ба сӯи пирӯзӣ бурд.

Аргентина, ки ба гуфтаи ВАО вазифаи сармураббӣ Хорхе Сампаолиро ғайрирасмӣ ба Мессӣ ва Маскеранно дода буду ҳайатро маҳз онҳо интихоб мекарданд, дар бозии охири гуруҳӣ бо Нигерия муваффақ шуд, аммо дар якҳаштфинал ба чанги фаронсавиҳо афтод. Хулоса, як бозии диданӣ ва серголро мухлисон диданд, ки бо натиҷаи 4:3 бар нафъи Фаронса ба охир расид. Мессӣ ва рафиқонаш аввалин дастае шуданд, ки марҳалаи плей-оффро убур кардан натавонистанд.

Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад

Дар ҳамин шом ҷонибдорону шодихӯрдаҳои Криштиану Роналду низ дар гиряву азо нишастанд. Мухлисони Мессӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки «Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ, шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад». Ҳамдастаи Мессӣ аз «Барселона»-и Испания Луиз Суарес дастаи Уругвайро дар муқобили Португалия ба майдон овард, то истгоҳи охирини Роналдуро дар ин мусобиқа таъйин кунад. Ӯ бо ёрии Эдинсон Каванӣ ин кори таърихиро кард. Партофти зебои Суарес сари баланди Каваниро ёфт ва чӣ голи зебое! Оре, маҳз Каванӣ буд, ки ду голи Уругвайро зад ва ҳамаи умедҳои Роналдуро баробар ба сифр кард. Ҳама медиданд, ки маҳз Каванӣ муҳаррики ин даста аст. Ӯро дар дилхоҳ ҷой дидан мумкин буд. Ҳар ҷо, ки тӯб буд, он ҷо Каванӣ низ буд..

Хулоса, бисёриҳо умед доштанд, ки дар ин рӯзи таърихӣ Аргентина ва Португалия ба даври дигар роҳ меёбанд ва муборизаи ду устоди футбол – Мессӣ ва Роналдуро дар чорякфинал шоҳид мешаванд. Акнун онҳо мегуфтанд, ки идомаи тамошову пайгирии Ҷоми ҷаҳон маънӣ надорад, аммо бехабар аз он, ки фардо чӣ ҳангомаҳое мухлисони футболро интизор хоҳад буд.

Ғофил манишин бин, ки азизон ҳама рафтанд

Фардои он рӯзе, ки Мессӣ ва Роналду озими ватани худ шуданд, Пике ва Рамос (ҳамдастаҳои Мессӣ ва Роналду аз «Барселона» ва «Реал») ба майдон омаданд, то димор аз рӯзгори русҳо бароранд ва бинанд, ки Черчесов ва шогирдонаш дар ватани худ мағлуб шуда ба куҷо хоҳанд рафт. Имкони Русия дар муқобили Испания хеле кам ҳадс зада мешуд ва кам касе бовар дошт, ки Испания низ мундиалро тарк мекунад. Аммо гуфта шуд, ки «ғофил манишин бин, ки азизон ҳама рафтанд». Русҳои меҳмон дар бозӣ бо Испания «аз боло гузаред» гуфтанд ва Игнашеевич ҳатто аз ҷониби онҳо ба дарвозаи Акинфеев гол ҳам зад ва албатта бо ёрии Рамос. Чӯбаки сандалвори Русия Артём Дзюба бо чӣ азобе бо сар тӯбро ба ҷониби дарвозаи Де Хеа равон кард, аммо он тӯби бахтбаргашта ба дасти Пике занад мешавад? Дзюба пеналтиро иҷро ва Русияро ҳамвазни Испания кард. 45 дақиқаи қисми дуюм ба назари русҳо 45 солро мемонд, аммо 45 соле, ки дар пай боз 30 дақиқаи баробар ба 32 солро дошт. 32 соле, ки Русия – меросбари асосии СССР, наметавонист аз худ дар Ҷоми ҷаҳон дарак диҳад. Дар охир Акинфеев бо Испания бозӣ кард. Игор ду пеналтии задаи испаниҳоро баргардонд ва Русияро ба чорякфинал баровард. Албатта, ин гапи онҳоест, ки аз футбол дуранд. Смолов, Игнашеевич, Головин ва Черишев буданд, ки бо пеналтӣ дарвозаи Де Хеаро рахна карданд ва роҳро ба сӯи пирӯзӣ ҳамвортар сохтанд.

Мо аз он майдонғарибон нестем

Дания аз Русия илҳом гирифта, дар бозӣ бо Хорватия 120 дақиқа талош карду садди мустаҳкаме сохт. Ду гол дар 4 дақиқаи аввали бозӣ ва 116 дақиқаи дигари бегол дар ин чемпионат ба ҳукми анъана даромаданӣ аст.  Хорватҳо нишон доданд, ки аз майдонғарибҳо нестанд ва ҳақ доранд, ки дар санҷиши бахт низ пирӯз оянд.

Қарор аст, Ховатия дар чорякфинал бо Русия бозӣ кунад. Пайдост, ки хорватҳо аз майдонғарибон нестанду дили онҳоро бе тақозо шикастан нашояд, аммо сармураббиашон дарҳол барои суғурта аз бохт гуфт, ба шогирдонаш мегӯяд, ки дар чорякфинал бо беҳтарин дастаи ин чемпионат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. 7-уми июл Русия бо Хорватия кореро, ки бо Испания кард, такрор карданист, аммо хорватҳо аз чунин санҷиш дар бозӣ бо Дания гузаштанд ва ба гумон аст, ки корро то ба задани пеналтӣ кашонанд.

Эй писар, дар дилбарӣ бисёр шуд найранги ту

Ин мисраъ аз як байти Сӯзанӣ айни ҳол мувофиқ ба гуфтори мухлисон нисбат ба амалҳои Неймар дар ин Ҷоми ҷаҳон аст. Неймарро ин қадар мезананд, ё Неймар он қадар найрангбоз аст? Ҷӯробҳои даридаи ӯ ва заҳматҳои кашидаи ӯ гувоҳанд, ки то зада аз пой наафтонанд, пеши роҳашро гирифтан мушкил аст. Аз тарафи дигар, ӯ чунон устокорона ба замин меафтад, ки дили ҳар касро ба раҳм меорад ва бегумон бисёриҳо ин заданҳоро дар ҳаққи ӯ ноадолатӣ медонанд. Ҷолиб ин аст, ки баъди чанд сонияи чунин намоишкорона парчами замин шудан, ӯ ба пой рост мешавад ва бо ҳамон пой зарба мезанад. Бешубҳа, дар роҳи ба чорякфинал баромадани Бразилия саҳми Неймар беандоза аст.

Мексика бо чунин бозӣ муқобили Бразилия лоиқи ба даври дигар баромадан набуд. Маҳз дар ҳамин бозӣ ҳақ ба ҳақдор расид.

Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз

Кӣ гумон мекард, ки Ҷопони тасодуфан аз Сенегал пешгузашта, дар аввали қисми дуюми бозӣ бо Белгия, қаҳрамонии ҳамсоякишвари Кореяи Ҷанубиро такрор мекунад? Ҷопон аз аутсайдерҳои маълуми ҳаштякфинал буд, аммо дар баробари Белгия, ки аз муддаиёни асосии чемпионӣ аст, амале анҷом дод, ки шоистаи таҳсин аст. Ҳар амали ҷопониҳо дар ин чемпионат лоиқи таҳсину офарин аст. Ин, ки онҳо баъди ҳар бозӣ нишастгоҳҳои варзишгоҳро аз партовҳо тоза мекунанд, аз маданияти баланди ин миллат гувоҳӣ медиҳад. Ҳатто баъди чунин мағлубияти дарднок ҳам мухлисон аз ин амали хуби худ даст накашиданд. Ва аммо амале, ки бозигарон нисбат ба ситораҳои Аврупо анҷом доданд, ғазаби онҳоро овард. Шумо медонед, Белгия чӣ дастаест? Аввал иҷозат медиҳад 2 гол мезананд, баъд нишон медиҳад, ки футбол чист. Бо таносуби ду гол ду бозигар ба майдон меоянд ва камбэки олӣ мекунанд! Аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки бахт ба рӯйи Белгия хандид, аммо намегӯянд, ки зӯр зӯр аст. Дурусташ ин, ки бахт ба рӯйи ҷопониҳо хандид ва тавонистанд пеш аз ғазаби ин бачаҳо ду гол зананд  ва бояд ба қадри ин ду гол мерасиданду мисли Русия роҳбандон мекарданд, то Белгия натавонад гол занад, аммо онҳо то ба қадри он голҳо расиданд, ки дер шуда буд.

Чархо, фалако, маро ба чарх овардӣ!

Дақиқкории соати швейсарӣ шаби гузашта зери суол рафт. Бозигарони Швейсария, ки дақиқан мисли соати муъруфи ин кишвар дақиқкору хушсохт буданд, ба назар сариҳол ҳам менамуданд ва дар бозӣ бо Шведсия фаворит ба ҳисоб мерафтанд. Чархи фалакро бинед, ки чӣ тавр давр мезанад, якеро аз Кӯлоб ба Балх мебараду дигареро аз фаворитӣ ба аутсайдерӣ. Швейсариҳо худро Белгия гумон карданд ва ба як голи задаи шведҳо ҳатман ҷавоб мегардонему боз пирӯз ҳам мешавем, шояд гуфтанд, аммо надонистанд, ки таърих кам маврид такрор мешавад ва агар ҳам шавад, на аслану дақиқан. Шведсия дастаи аврупоист ва чунин гармиву сардиҳоро зиёд дидааст. Шведҳо то анҷом ин голро, ки Форсберг тавассути муҳофизатгари швейсариҳо зад, чун гавҳараки чашм нигоҳ доштанд ва вақте фурсат барои мушти дигари обдор задан расид, қулоч кашиданд. Торсакии обдор шуданӣ буд, ки довар баъди ба Ланг додани корти сурх, ба навори такрорӣ нигаристу гуфт, ки швейсариҳо саф кашанд. Хулоса, Шведсия ба чорякфинал расид, ки муборакаш бод!

Корвон дидам, уштур қатор-қатор мерафт

Англисҳо, ки расман бунёдгузорони бозии дӯстдоштании футбол ҳастанд, пеналтиро низ худашон фикр ва ба ин бозӣ ворид кардаанд. Инҳо аз ин кори кардаашон 130 сол ранҷ мекашиданд ва махсусан чанд чемпионати охир бахташон дар задани пеналтӣ намехандид ва маҳз тақдирашон аз он ҳал мешуд. Ин дафъа низ чун анъана кор то ба ҳамин маврид расид ва ин маротиба бахт ба рӯяшон хандид. То ин хандаи бахт анлисҳо дар бозии футбол боз як навоварии дигар карданд: Корвон! Вақте зарбаи кунҷии навбатӣ зада мешуд, чанд тан аз англисҳо бо сарварии капитан Ҳаррӣ Кейн дар майдончаи ҷаримавии Колумбия мисли шутурҳои корвон қатор шуданд. Маҳз ҳамин амал боис шуд, ки нисбат ба Кейн қойидаи бозӣ вайрон карда шавад. Довари амрикоӣ, ки аз ҳакамии имшабааш бисёриҳо норозӣ буданду колумбиҳо шадидан танқидаш карданд, бе ёрии навору ёваронаш ба паналтӣ ишора кард. Кейн шумори голҳои худро ба 6 расонд ва дар набудани Роналду майдонро холӣ ёфта даъвои нишонзани беҳтаринро дорад. Колумбиҳо ҳам чашмаки ман чашмаки ту карда нашиштанду дастбакор шуданд. Вопасин лаҳзаҳои вақти иловагии қисми дуюм буд, ки онҳо ба мақсади худ расиданд. Кош намерасиданду боз 30 дақиқаи дигар ҷон намеканданд, то дубора нобуд шаванд. Хулоса, чуноне гуфтем, ин навбат пеналтӣ бахткушои англисҳо буд ва онҳоро ба даври дигар бурд, то бо Шведсия рӯ ба рӯ шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *