Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол далелҳои ҷолиби таърихӣ барои мухлисон
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ё Ҷоми ҷаҳон дар 88 соли мавҷудияташ далелҳои ҷолиби таърихӣ дошта, аз омавияти рӯзафзуни ин варзиш дар дунё гувоҳӣ медиҳад.
*Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон зери назорати ФИФА соли 1930 дар кишвари Уругвай баргузор гардидааст. Баҳри баргузории чемпионати мазкур ҳукуматҳои Италия, Испания, Шветсия, Венгрия, Ирландия ва Уругвай довталаб буданд. Аксарият барои Уругвай овоз доданд. Нахустчемпиони ҷаҳон оид ба футбол дастаи мизбон Уругвай гардид, ки мунтахаби Аргентинаро шикаст дод ва Ҷоми ҷаҳонро соҳибӣ кард.
* 16 кишвар мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро гузарондаанд. 4 кишвар — Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон онро ду маротибагӣ доир намудаанд. Танҳо як маротиба — дар соли 2002 Ҷоми ҷаҳон дар худуди ду давлат — Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шудааст.
* Ҳамаи чемпионатҳои ҷаҳон аз соли 1930 то соли 1998 дар Аврупо ё дар Амрикои Шимолӣ гузаронида шудаанд.
*Ягона давлате, ки то ба ҳол ягон мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонро тарк накардааст, Бразилия мебошад.
*Кореяи ҷанубӣ аввалин давлати Осиё ба шумор меравад, ки ба нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта буд.
*То имрӯз Ҷоми ҷаҳонии футболро танҳо давлатҳо аз Амрикои Ҷанубӣ ва Аврупо ба даст овардаанд.
*Испания ягона давлате маҳсуб меёбад, ки берун аз худуди Аврупо Чемпиони ҷаҳон гардидааст. Ин рӯйдоди варзишӣ дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон – 2010, ки дар ҶАҶ доир шуда буд, ба вуқӯъ омад.
*Ягон дастаи миллӣ то ба ҳол натавонистааст 3 маротиба пайи ҳам ғолиби ЧҶ гардад. Танҳо мунтахабҳои Италия ва Бразилия тавонистанд Ҷоми ҷаҳонро се маротиба пайи ҳам ҳимоя кунанд.
*Аввалин голро дар таърихи ҶҶ 13 июли соли 1930 бозингари дастаи миллии Фаронса Люсен Лоран задааст.
*Дастаи Итолиё нисбат ба дигар дастаҳо 16 сол унвони чемпиониашро нигоҳ доштааст (солҳои 1934-1950). Аммо ин на танҳо ба дастовардҳои варзишӣ, балки алоқаманд бо Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои1934-1938) буд. Дар ин байн ду мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии солҳои 1942 ва 1946 сурат нагирифтанд.
*Галиндои перуягӣ аввалин футболбозе мебошад, ки аз бозии Ҷоми ҷаҳон барои ҷанҷол ронда шудааст.
*Дар ҳайати дастаи ғолиби ҶҶ- 1930 – Уругвай бозингари якдаста Эктор Кастро ҳуҷумкунанда буд. Иллати мазкури ӯ барои задани голи охирини ин чемпионат монеа нашуд.
*Аҷоиботи дигари ҶҶ-1930 ин буд, ки тамоми мусобиқаҳои он танҳо дар як шаҳр сурат гирифтанд.
*Ягона футболбозе, ки се маротиба Ҷоми ҷаҳонро дар солҳои 1958, 1962 ва 1970 ба даст овардааст, ин Шоҳи футбол Пеле мебошад.
*Бозингаре, ки аз ҳама бештар (25 бозӣ) дар марҳилаҳои финалии ЧҶ бозидааст, ин узви тими Германия Лотар Маттеус мебошад. Лотар Маттеус , инчунин дар қатори Антонио Карбахал, Ҷанлуиҷи Буффон ва Рафаэл Маркес дар 5 чемпионати ҷаҳон (солҳои 1982, 1986, 1990, 1994, 1998) иштирок кардааст.
*Бозингаре, ки аз ҳама бештар дар як бозӣ гол задааст, ин Олег Саленко мебошад. Ӯ дар вохӯрии мунтахаби Русия бо тими Камерун дар ЧҶ-1994 5 гол задааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ