Ҷоми Тоҷикистон-2017: Қуръакашии 1\8-финалӣ

22-юми май дар Федератсияи футболи Тоҷикитон қуръакашии даври якҳаштфинали Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол баргузор шуд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа 12 вохӯрӣ баргузор мешавад, ки ғолибони ҷуфтҳо ба даври якчорфинал роҳхат мегиранд. Дар вақти қуръакашӣ дастаҳои дар чемпионати гузаштаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб – «Истиқлол» ва «Ҳосилот»  чун дастаҳои «имтиёздор» дар аввал ва охири ҷадвали қуръакашӣ ҷо дода шуданд. Мувофиқи ин ҷадвал дастаҳои «Истиқлол» ва Ҳосилот» аз даври чорякфинал ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Қуръакашӣ ҷуфтҳои дастаҳоро ин тавр муайян кард:

-«Ҳулбук» (Восеъ) – «Эсхата» (Хуҷанд);

-КМВА «Помир» (Душанбе) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ);

-«Вахш» (Қурғонтеппа) – «Сомон» (Данғара);

-«Зарафшон» (Панҷакент) – «Ваҳдат» (Ваҳдат);

-«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд);

-«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Равшан» (Кӯлоб).

Вохӯриҳои якуми даври якҳаштфинал рӯзҳои 27-28-уми май, бозиҳои ҷавобӣ 1-2-юми июн баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем: ғолиби Ҷоми Тоҷикистон ҳақ пайдо мекунад, ки дар Ҷоми КФО-2018 Тоҷикистонро намояндагӣ кунад. Дар ҳолати ғолиби чемпионат ва барандаи ҷом шудани як даста, дар мавcими ояндаи Ҷоми КФО барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2017 баромад хоҳад кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *