Омина Окуеваро куштанд
Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба мошини зодаи Чеченистон Одам Осмаев, ки дар сӯиқасд ба ҷони Путин айбдор аст, ҳамсари ӯ Омина Окуева кушта шуд.
Мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина Антон Герашенко гуфт, дар ин ҳодиса, ки дар деҳаи Глевахи вилояти Киеви Украина рух дод, худи Одам Осмаев ҷароҳат бардоштааст.
Моҳи июни имсол ҳам ба Осмаев ва Окуева ҳамла карда буданд. Он замон ҳамлагар худро рӯзноманигори нашрияи фаронсавии «Le Monde» муаррифӣ карда, вақте хост, онҳоро парронад, Окуева бо туфангча ӯро захмӣ кард. Аз ҳамлагар шиносномаи украинӣ пайдо карданд, вале ВКД Украина шиносномаро сохта ва сӯиқасдро кори хадамоти махсуси Русия номид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ