Омина Табарова: Дар ин ҷода фарқе миёни зану мард нест…

Осудагӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кишвар аз садоқату хизмати шоистаи кормандони милитсия вобастагӣ дорад. Бар дӯши ӯ масъулияти ҷиддӣ меистад ва биноан назди мардум мақоми милитсия болост. Бахусус, агар иҷрои ин масъулият бар дӯши зан бошад. Вале аз чӣ бошад, аксари падару модарон намегузоранд, ки духтаронашон дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намоянд.

Мутаассифона, то кунун баъзе одамон чунин ақида доранд, ки зан бояд духтур бошад, ё муаллима. Нигоҳи мардум нисбат ба фаъолияти занон дар мақомоти давлатӣ гуногун аст. Дар шикасти ин гуна қолабҳо, ки аз гузаштагон мондааст; “Занро чиву хонданаш чӣ?” ё “ Ҷойи зан кунҷи хона аст”, қаҳрамони мо бо ҷасорату устуворӣ зери таъсири ин гуна ақидаҳо намондааст.

Ӯ фаъолияти худро аз корманди одии сохтори мазкур оғоз бахшида, ҳоло ҳамчун муфаттиши калони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Лейтенанти калони милитсия Омина Табарова духтари қавиирода, шуҷоъ ва нотарс аст, ки дар соҳаи интихобкардаи худ яке аз беҳтаринҳост. Гарчанде синну соли ҷавон дорад, вале ба хубӣ аз ӯҳдаи касби худ мебарояд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сиёсатшинос ва психолог хатм карда, баъдан дар Академияи идоракунии Федератсияи Русия бо ихтисоси ҳуқуқшинос таҳсил кардааст. Дар мақомоти мазкур аз соли сеюми таҳсил фаъолиятро оғоз намуда, зина ба зина ба дараҷаҳои корӣ расидааст.

Фаъолият дар ин соҳа барояш душворие надорад. “Албатта дар куҷое кор ҳаст, мушкилӣ ҳам ҳаст. Ҳамаи нозукиҳову мушкилоте, ки солҳои авали фаъолият дар Вазорати корҳои дохилӣ пушти сар кард, ӯро боз ҳам дар пешаи интихобкардааш устувор гардонид. Фикр мекунам, ки даврони донишҷӯӣ он таҷрибаи хуби гирифтаам, дар раванди фаъолият мушкилиҳоро осон намуданд. Гарчанде иддае аз одамон ба муваффақ шудани бонувон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итминон надоранд, вале қаҳрамони мо мегӯяд, маҳз барои кору пайкори дар ин соҳа ба дунё омадааст. Фаъолият дар ин самт барояш мушкилие надорад ва аз пешаи интихобкардааш ифтихор дорад.

Омина Табарова тамоми дастовардҳои худро аз баракати ризоияти ҳидояти волидонаш медонад. Аз дастгириҳои пайвастаи онҳо нерӯву фараҳ мебардорад. “Сараввал мехостам дар Вазорати маориф ва илми кишварамон ба кор шурӯъ намоям, вале шавқу рағбатам ба ин ҷода ғолиб омад. То инҷо расиданам аз талошҳои пайвастаи худу дастгириҳои падару модарам буд. Дар воқеъ, бидуни дастгирии падару модар фарзанд пешрафт карда наметавонад”. Милитсия чашми давлат аст. Қаҳрамони мо баъзан то соатҳои 9-10- и шаб дар ҷойи кор банд аст. Вале шавқу ҳавас ба ин ҷода, ки дорад, хастагиро эҳсос намекунад. “Ҳама мушкилиҳое, ки дар кор пеш меояд, бо иродаи қавӣ ва роҳнамоии сардорони собиқадорон рафъ менамоям, ки бо паси сар намудани онҳо таҷрибаи дигар дар зиндагӣ аз бар менамоям. Илова бар ин, дар ин ҷода фарқ миёни зану мард нест, ки ин меъёрҳо ба кас нерӯву тавонмандӣ мебахшад.”

Омина бо як эҳсоси хоса аз фаъолиятҳои худ қисса мекунад, ки вақте бо либоси низомӣ ба кӯча мебарояд, духтарчаҳои атроф ӯро дида ҳавас мебаранд.

Зарфияти дигари Омина дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он аст, ки бонувон дар нисбат ба мардон салиқаи баланди суханварӣ доранд. Ба хусус, Омина, ки аз овони хурдсолӣ ҳунари нотиқӣ дошта, соле қабл дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” сазовори ҷойи намоён шуда буд. Ҳамзамон, дар пайроҳаи интихобкардааш ҳам дастоварду муваффақиятҳо дорад. Барои хизматҳои шоён бо Нишони сарисинагӣ ва Аълочии милитсия қадрдонӣ гардидааст. Тавре худ изҳор медорад, азмаш дар ин ҷода кору пайкори содиқона ба Ватан буда, ончунон бояд зист, ки пайроҳаи паси сар намудааш намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш барои наслҳои оянда бошад.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *