Омода бошед! Вазир фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустиро месанҷад

Шаби 21-уми декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шабонаи шӯъбаҳои Маркази тиббии “Шифобахш” ва муовини вазир Шодихон Ҷамшед бо фаъолияти шабонаи беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос гардидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, вазир ва муовини ӯ аснои боздид бо рафти хизматрасонии шабонаи шӯъба ва беморхонаҳои мазкур, вазъи табобати беморон ва ҳолати кунунии онҳо шинос шудаанд.

— Инчунин, дар ин шаб як қатор масъулини вазорат низ аз рафти хизматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустии мамлкат дидан намуданд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарияти вазорат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *