Омодабоши погондорҳо дар ҷумҳурӣ
Аз имрӯз сар карда кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор гирифта ва фаъолияти нимаказармавӣ мекунанд.
Ин фармон дар иртибот ба таҷлили 25-умин солгарди истиқлоли кишвар рӯи даст гирифта шудааст. Ин манобеъ мегӯянд, «аз 20 август то 15 сентябр тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳолати пурраи омодабош дароварда мешаванд». Ин иқдом дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто марзҳои Тоҷикистон низ рӯи даст гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ