Омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои Ҷоми ҷаҳон: Бозиҳои дӯстона бо Испания ва Нидерланд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе бо дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Футзалбозони тоҷик 5 сентябр бо дастаи мунтахаби Испания ва 8 сентябр бо дастаи мунтахаби Нидерланд рақобат мекунанд. Ҳамчунин, 7 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд баргузор мешавад. Ҳар се бозии дӯстона дар Маҷмааи варзишии «Кохи Олимпи»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Бояд гуфт, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «Е» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *