Омодагии ҳизбҳои Қирғизистон ба интихоботи порлумонӣ
Ҳизбҳои Қирғизистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020-ро шурӯъ карданд. «Республика — Ата Журт», дувумин ҷиноҳи бузурги порлумонӣ, тасмим надорад, ки бо ҳайати кунуниаш дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.
«Ата-Журт» қасд дорад, дар интихобот мустақилона ва бо роҳбарии Камчибек Ташиев ширкат варзад. «Республика» ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва ҳамчунин роҳбарии ҳизб низ номаълум боқӣ монда, ширкати Омурбек Бабанов дар интихобот низ норушан аст.
Ҳизбҳои «Республика» ва «Ата-Журт», ки дар остонаи интихоботи соли 2014 эътилоф ташкил карда буданд, аз рӯи шумори мандати вакилон дар порлумон ҷои дувумро соҳиб шуданд. Аммо ҳизбҳо тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи соли 2020 ба таври алоҳида ширкат варзанд.
Вакилон посухи дақиқ надоранд, ки «Республика» дар интихоботи соли оянда ширкат хоҳад кард ё на.
Пештар аз ин ҳизби «Қирғизистон» низ хабар дода буд, ки дар интихоботи соли 2020 ширкат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ