Омор дурӯғ мегӯяд ё бозор?

 

Тавре аз Вазорати кишоварзииҶумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то 27 июли соли 2018 дар мамлакат қариб 525 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, беш аз 170 ҳазор тонна картошка ва наздики 100 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, то 27-уми июл дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 185817 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11838 гектар зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор дар ҳолати кӯракбандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ дар онҳо мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрӯзҳо майдони 3650 гектар дар ҳолати 1-2 кӯракбандӣ, майдони 66637 гектар дар ҳолати 3-4 кӯракбандӣ ва майдони 112830 гектар дар ҳолати 5 то 8 кӯракбандӣ қарор дорад, ки ин аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад.

Инчунин, дар майдони 798406 гектар коркарди байни қаторҳо гузаронида, 431169 гектар озуқадиҳӣ ва дар майдони 441317 гектар бо оби сабзиш (вегетатсионӣ) таъмин карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ то санаи 27-уми июли соли 2018 майдони 205309 гектарро даравида, ҳосили майдони 196233 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда 524809 тоннаро ташкил дода, 73%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 304 адади онҳо айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Нақшаи кишти такрории зироатҳои  кишоварзӣ 97,6% иҷро гардид

Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани фасли тобистон самаранок истифада бурда, иҷрои дурнамои кишти такрориро ба 97,6% расониданд, ки барои фаровон гардидани маҳсулотҳои кишоварзӣ заминаи хуб мебошад.

Дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 77322 гектарро ташкил медиҳад. Кишоварзон тавонистанд то санаи 27 июл  дар ҷумҳурӣ дар майдони 75461 гектар кишти такрорӣ гузаронанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 2267 гектар зиёд буда, 97,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо   30532 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар  14969 га  ҷуворимакка барои дон, 5630 га шолӣ ва дар  9933 га дигар навъҳои ғалладонагиҳо кишт карда шудааст.

Инчунин, дар майдони 47,9 га кишти картошка, 8108 га кишти сабзавот, 3315 га кишти полизиҳо ва 2208 га кишти зироатҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ, дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 27 июли ҳамин сол дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 8516 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки  ин  170359 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47799тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

То санаи 27 июли соли равон  дар вилояти Хатлон аз майдони 6623 га 109991 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37611 тонна зиёд мебошад. Вилояти Суғд аз майдони 14641 га 19122 тонна картошка ҷамъоварӣ намудааст, дар ВМКБ аз майдони 1793 га 791тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷуҳурӣ аз майдони 9169 га 40455 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад.

То санаи 27 июл  дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 23522 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4417 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 623103 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 133092 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар га 264,9сентнерро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавотҳо: пиёз 365708 тонна, карам 23798 тонна, помидор 73770 тонна, бодиринг 54153 тонна, сабзӣ 55379 тонна ва дигар сабзавотҳо 50295 тоннаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли меваю ангур 

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 27 июли соли 2018  ба миқдори 97191 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20288 тонна зиёд мебошад.

То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Суғд 42662 тонна, вилояти Хатлон 43006 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15600 тоннаро ташкил дод.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то   27-уи июл  дар ҷумҳурӣ 5365 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд. 

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ, соли ҷорӣ дар майдони 16600,1 га кишти полизиҳо гузаронида шуд. То санаи 27-уми июл ҳосили   9193гектар ҷамъоварӣ карда шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 261781 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 31354 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои полизӣ дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди полизиҳо фаровон аст.

Кишоварзони ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҳар як гектар  284,8 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,3 сентнерӣ зиёд мебошад.

 

P.S.Ин оморро дида,  кас хурсанд мешавад ,  аммо вақте,ки вориди бозорҳои кишвар мешавад, баръакси онро мебинад. Ба фикрам, имсол  нархи тарбуз дар оғози моҳи август рекордӣ шуд. Наход мо аз порсола 62,3 сентнерӣ, аз полезиҳо  зиёд ҳосил гирему нархи як тарбузи “миёнаҳол” барбари ним кило гӯшт шавад? Ин ҷо ё омор дурӯғ мегуяд ё бозор…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *