Омор: Камбизоатиро Бонки умумиҷаҳонӣ муайян мекунад

Дар нишасти матбуотии Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 30,3 фоизи аҳолии Тоҷикистон рӯзгори  камбизоатона ба сар дорад.

Инро Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди номбурда ба забон овард.  Мизони камбизоатӣ дар кишварро барномаи пешниҳодкардаи Бонки умумиҷаҳонӣ муайян мекардааст. Ба ин мақсад доир ба  буҷети 3 ҳазор хонавода тадқиқот гузаронида мешавад.

-Ин тадқиқот доимӣ буда, барои ҳисоби сатҳи камбизотӣ аз ҷониби ин бонк пешниҳод шудааст, — гуфт

Г.  Ҳасанзода. — Таҷрибаи муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон яке аз таҷрибаҳои пешрафта дар ҷаҳон мебошад. Он бар асоси усули нави ҷамъоварӣ анҷом мешавад. Тибқи он бояд давоми 3 моҳ миёни 3 ҳазор хонавода пурсиш гузаронида шавад

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *