Омори нави беморон, шифоёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон  беморони аз коронавирус шифоёфта  ба 2004 нафар ва сироятёфтагон наздики 4 000 касро  фаро гирифтааст. Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯяд,  ки  давоми 4-5 рӯзи охир фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои вазорат, то соати 18:25 дақиқаи 31 май дар Тоҷикистон 3930 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2004 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар вафот кардаанд. Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1886 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 377 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *