Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 35 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 13 сентябр ба 9049 нафар расид. Хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Гуфта мешавад, ки то имрӯз дар мамлакат 7816 ё худ 86,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 72 нафар фавтидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ