Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 12 октябр ба 10260 нафар расид.

Дар ин бора хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳиҷзи иҷтимоии аҳолӣ.

Тибқи иттилои манбаъ то имрӯз дар мамлакат  9103 нафар ё худ 88,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 79 нафар фавтидаанд

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 34 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *