Фавт нест! Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирусро гуфт
Шабонарӯзи охир дар кишвар 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 21 сентябр 9388 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 8152 (86,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 73 нафар фавтидаанд.
Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 113 нафар гумонбарон қарор дошта, 44 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ