Омурбек Текебоевро ба маҳбаси сукунатӣ интиқол медиҳанд.

Раиси ҳизби «Ота Макон» Омурбек Текебоев 10 феврали соли 2020 ба маҳбаси сукунатӣ интиқол меёбад. Дар ин бора раиси Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Таалайбек Жапаров хабар дод.

«Дар мо шуъбаи махсусе аст, ки муҳлати ҷазои маҳбусонро мешуморад. Онҳо рӯзҳо, ҳатто соатҳоро ҳисоб мекунанд. Зиёда аз муҳлат дар зиндон мондани шахс ғайриқонунист. Бинобар ин, ҳамаро мушикофона мешуморанд. Одамони зиёде хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат карданд ва мегӯянд, эҳтимол дорад, муҳлати ҷазо нодуруст бошад. Хоҳиш доранд, ба маҳбаси сукунатӣ интиқол дода шаванд. Дар миёни онҳо Текебоев низ ҳаст. Вале мо коршиносони худро дорем, ки муҳлати ҷазоро ҳисоб мекунанд. Танҳо шумориши онҳо эътибор дорад», — гуфт Жапаров.

Омурбек Текебоев 22 декабри соли гузашта, ки он замон дар беморхона қарор дошт, дар суҳбат бо сиёсатмадорони кишвараш гуфт, ду моҳ пас ба зиндони сукунатӣ интиқол меёбад. Ӯро баъд аз ба поён расидани табобаташ 9 январ аз беморхона ба зиндон бурданд.

Раиси Ҳизби «Ота-Макон» ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев моҳи феврали соли 2017 дастгир ва бо ҷурми фасодкорӣ зиндонӣ шуд.

10 январ маълум шуд, Комиссияи назди президенти Қирғизистон дар умури афв дархости президенти пешин Роза Отунбоеваро рад кардааст, ки аз раҳбарияти ин кишвар афви Текебоевро хоста буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *