Омӯзгорони мактабу донишкадаҳо ба ҳашари мардуми Хуросон пайвастанд

Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон, инчунин, устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба кӯмаки зарардидагони офати табии Хуросон пайвастанд.

-Мо омӯзгорон тасмим гирифтем, ки ба маҳаллаи Чорбоғ омада, ба сокинони ин мавзеъ дар кори сохтмони манзилҳояшон дасти ёрӣ расонем, — зикр намуд Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба «Ховар«.

Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, иттилоъ дод, ки шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Имрӯз ҳам, ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ барои кумак ҳозир шудаанд.

Н.Шодиев саҳми ҳамаи ихтиёриён, аз ҷумла устодону омӯзгоронро дар баробари дигар хайрхоҳон хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфуддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода қайд карданд, ки ҳамдастии омӯзгорони ин мактабҳои олӣ дар корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Хуросон то пурра ба анҷом расидани сохтусози манзилҳо идома хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *