Ҷон дар кафи даст
Ба ӯ менигарам. Нигоҳаш ғарқи андеша. Мӯю абрувони сафедфомаш нақши осиёби сангини зиндагӣ дар чеҳрааш буданд. Як- як, ботамкин сухан мегӯяд. Дар тамкини ӯ дунёи пуртуғёнро меҷӯям. Он дунёи пуртуғёне, ки 26 сол қабл аз даҳонаш чун оташи сӯзон фурӯ мерехт. Соли 1991 буд. «Имрӯз ба идораи рӯзнома депутат Худойқул Хамроқулов меоянд, ҳамроҳашон суҳбат кунед», -дастур дод сармуҳаррир Муродуллоҳи Шерализода. Ҳини суҳбат дарёфтам, ки ӯ корманди КГБ аст. Он солҳо шунидани ин ном бас буд, ки кас дар сухан боандеша бошад. Вале Худойқул Ҳамроқулов ҷилави аспи суханро сар дода буд. Тозиёнаи танқид, ки ӯ бар сари сарвари ин хадамот Петкел мезад, дар вуҷуди ҳамсуҳбат ларза меандохт. Ӯ бо дилсӯзӣ аз сарнавишти кадрҳои миллӣ сухан мегуфт, ки на ҳама дарҳои ин даргоҳ ба рӯяшон боз буданд.
Деги истиқлолиятхоҳон меҷӯшид. Чун маҳсули дег ҳавли даҳони ҳангомахоҳон буд, дар кафлес кафк, ҳубобчаҳое меомаданд, ки мекафиданду ба бод мерафтанд. Ҳама чун мӯйҳои арӯси сарсон парешон буд. Даҳонҳо пур аз нидои истиқлолият буданд. Аммо истиқлолият сарҷамъӣ низом мехост. Эҳсос, ки душмани низом аст, Тоҷикистонро маҳал ба маҳал қисмат карда буд. Даҳони пури истиқлолият боди домони забон буд ва тақозо ба калиди қулфкушо дошт. Калиди қулфкушо кадрҳои миллӣ буданд, ки даст дар рикоби идораӣ надоштанд. Худойқул Ҳамроқулов чун солҳои зиёд дар амният муовини сардори Раёсат оид ба кадр буд, фарқ миёни таъиноти кадрӣ ва сиёсати кадриро хуб медонист. Аз ин ҷост, ки дар талоши ҷамъ кардани кадрҳои парешонгашта буд. Аммо куҷост, ки зиндагӣ, ҷуз дар шеър, шоҳиди ба ҳам даромехтани ақлу эҳсос гашта бошад.
Аз суҳбат бо Худойқул Ҳамроқулов
Қаблан дар КГБ барои тоҷиконе, ки воқеан мехостанд манфиати халқи худ, ҷумҳурии худро ҳимоя кунанд, ҷой танг буд. Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон сарвари КГБ намояндагони сокинони асосии ин ҷумҳуриҳо буданд. Дар Тоҷикистон тӯли беш аз 70 сол дар низоми КГБ танҳо як нафар ба гирифтани унвони генерал сазовор шуд. Ӯ ҳам дар нафақа, Шариф Қурбонов.
Солҳо Петкел раиси КГБ буд. Ӯ на танҳо дар тайёр кардани чекистони тоҷик саҳм нагирифт, балки кӯшиш намуд, ки онҳоро аз вазифаҳои асосӣ дур ва бо ҳар роҳ бадном созад. Аз ин “корнома”— и худ ба Маскав рапорт медод. Маънӣ, бубинед, тоҷикон аз уҳдаи кор намебароянд.
Имрӯз тоҷикони асиле ҳастанд, ки аз ҳар нигоҳ қодиранд сарвари хадамоти бехатарӣ бошанд. Чекистони зиёди тоҷик дар Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар манотиқ иҷрои вазифа мекунанд. Вақти он расида, ки онҳоро ҷамъ оварем, то дар роҳи манофеи Тоҷикистон пайкор кунанд”.
«Садои мардум», соли 1991
Ӯ сардори Саридораи назорати гумрукии Девони Вазирон таъин мешавад. Он солҳо гумрук ҳамагӣ се утоқи корӣ дошт. Раис бо ду муовинаш дар як утоқ менишастанд. Вазифаҳояш низ чандон мушаххас набуд. Назорати воридоту содирот ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба дӯши Инспексияи давлатии ВКД вогузор буд. Саридораи назорати гумрукӣ танҳо ба содироту воридот ба кишварҳои хориҷи дур машғул буд. Мардуми бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар таҳлука афтода, ҳар чӣ пеши дасташон меомад, ба кишварҳои ҳамсоя ва Русия мекашиданд. Тоҷикистонро тороҷ мекарданд. “Ин кори гумрук аст”, — мегуфтанд иддае. Дар асл содироту воридот ба кишварҳои собиқ шӯравӣ дар салоҳияти Инспексияи давлатии ВКД буд, гумрук ҳуқуқи дахолатро надошт.
8 декабри соли 1991 дар шаҳри Вискул (назди Брест) президентҳои Русия – Борис Елсин, Украина – Леонид Кравчук ва раиси Шӯрои олии Белорусия – Станислав Шушкевич Созишномаро дар бораи барҳам хӯрдани СССР ба имзо мерасонанд, ки бо номи «Созишномаи Беловеж» машҳур аст.
13 декабри соли 1991 дар шаҳри Ашқобод мулоқоти президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Баъдан, 21 декабри соли 1991 бо дархости Нурсултон Назарбоев президентҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Русия, Молдавия, Украина (11 ҷумҳурӣ) дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад. Санаде, ки дар он нишаст қабул гашт, бо номи «Эъломияи Алмаато» машҳур аст. Бо имзои ин санад моликияти СССР ба моликияти ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол табдил меёбад. Барои соҳиб шудан ба ин моликият кифоя буд, ки президентҳои кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин хусус фармон имзо кунанд. Ин фармонро президентҳои ҳама ҷумҳуриҳо имзо мегузоранд, ба ҷуз Тоҷикистон.
Ҳамроқулов бонги изтироб мезанад. Дари Раиси Шӯрои Олӣ ва Президент Раҳмон Набиевро мекӯбад: «Тайёраҳои ҷангӣ ва танкҳоро мехоҳанд аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароранд, фармон дар бораи моликияти СССР-ро моликияти Тоҷикистон хондан имзо нашудааст. Ягон ҳуҷҷате нест, ки асос барои пеши роҳи онҳоро боздоштан гардад»- мегӯяд ӯ. Ҷавоби Президент дағал буд: « Рав, кори худатро кун!».
Худойқул Ҳамроқулов талаби таҷдиди фаъолияти гумрук – як рукни асосии соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мекунад. Ӯ бо ду муовинонаш Саиданвар Камолов, Мавлон Олимов ва шаш нафар кормандонаш (миқдори кормандони гумрук ба ҳамин андоза буд) дар талоши тартиб додани асосҳои ҳуқуқии гумрук мешаванд. Ин иқдом, устуворсозии гумрук бо фоҷиа меанҷомад: Мавлон Олимовро ҳангоми ба кор омадан мерабоянд ва ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сардори шӯъбаи қочоқ Алмос Гадоевро ҳангоми аз кор ба хона рафтан мепарронанд, нозири калон Назирмат Гулматов бе ному нишон ғайб мезанад. Таҳдидҳои пай дар пай, таъкибҳо ҷони Ҳамроқуловро дар хатар гузошта буданд. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тақозои меъёрҳо ва тарзу усулҳои нави таъмини амнияти иқтисодии кишварро пеш оварда буд. Тоҷикистон ғарқаи хун буду кормандони гумрук ҷон дар кафи даст. Дар харитаи ҷаҳон масъалаи будан ё набудани Тоҷикистон қарор дошт. Такрори ҳодисаҳои соли 1924, ба яке аз вилоятҳои кишвари ҳамсоя табдил додани Тоҷикистон аз эҳтимол дур набуд. Дар баробари дигар сохторҳо рукни асосӣ гумрук ҳанӯз ларзонак буд. Устувории он заминаи ҳуқуқӣ мехост.
Дар чунин вазъият соли 1992, дар Сессияи ХVI ки сарнавишти Тоҷикистон ҳал мешуд, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов муҳокимаи Кодекси гумрук ва Қонун “Дар бораи тарифи гумрукӣ” — ро ба рӯзномаи ҷаласа ворид месозад. Наворҳои пурдард ва сарнавиштсози ин сессияро наметавон бе ҳаяҷон тамошо кард. Миёни онҳо наворе ҳаст: Сардори Саридораи гумрук Худойқул Ҳамроқулов матни қонунро бо овози гирифта ва хаста банд ба банд ба муҳокимаи депутатҳо пешбарӣ мекунад.
Аз хотироти Зайниддин Насриддинов:
— Рӯзи чоруми иҷлосия hаиси гумрук аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҶТ дар бораи мавқеъ, мақом ва вазифаҳои асосии {адамоти гумрук лоиҳаи қонунҳоеро пешниҳод кард, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст қабул мешуданд ва баъзе аз иштирокдорони иҷлосия доири он тасаввурот ҳам надоштанд. Ба мушкилоти зиёди техникӣ нигоҳ накарда, бо талошҳои пайгиронаи Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҷараёни иҷлосия дар саросари ҷумҳурӣ тавассути телевизиону радио пахш мегардид. Худойқул Ҳамроқулов ба сабаби ташвишҳои зиёд, хунукии зимистони Хуҷанд ба гулӯдард гирифтор гашт, табъаш 39 дараҷа буд, овозаш хирра мебаромад. Ана ҳамин овози ғайритабиигаштаи писарро дар деҳаи Фароб аз радио фаҳмида, модари Худойқул оҳу фиғон мебардорад ва писари хурдиаш Олимҷонро наздаш хонда мегӯяд:
— Ту ин ҷо боҳузур нишастаӣ, акаат дар шаҳри дур нотоб. Бихез, маро ба Ленинобод бубар, бачекамро бинам, лоақал шир гарм карда диҳам, ки дарди гулӯяш беҳ шавад…
Он рӯзҳо ҳама дар чунин ҳолат қарор доштанд. Ҳарорати фазои сиёсӣ аз ҳарорати бадан болотар буд. Дар сессияи ХVI , дар Қасри арбоби Хуҷанд Сарраёсат ба Кумитаи давлатии гумрук табдил дода мешавад. Баланд бардоштани мақоми гумрук маънии васеъ гаштани ваколатҳо ва масъулияти ин мақомотро дошт. Марҳилаи нав дар фаъолияти гумрук оғоз мегардад.
Аз мусоҳибаи сармуҳаррири “Ҷумҳурият” М. Муҳаббатшоев бо Х. Ҳамроқулов:
— Худойқул Ҳамроқулович, шумо боре аз тариқи телевизион изҳор намуда будед, ки аз гумруки шӯравӣ як мизи корӣ ва як автомашинаи “Жугулӣ”-и бе бампер боқӣ монда буд. Дар чунин вазъият қадамҳои нахустинро аз чӣ оғоз кардед?
— Таҳаввулот дар фаъолияти гумрук аз сессияи 16- уми Шӯрои Олӣ оғоз гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз ба бунёди ҳуқуқии гумрук замина гузошта шуд. Ташкилоти кӯчаке, ки ҳамигӣ 6 нуқтаи гумрукӣ дошт, имрӯз ба Кумитаи муқтадири дорои 5 раёсати минтақавӣ, 12 шуъбаи ноҳиявӣ ва қариб 100 нуқтаи гумрукӣ табдил гашт.
“Ҷумҳурият”, 2 ноябри соли 1995
Ҳар қадар қонун устувор гардад, ба ҳамон андоза қонуншиканон ҳушёр мешаванд. Кумитаи давлатии гумрук дар роҳи таъмини амнияти иқтисодии кишвар дар сатҳи дигар қарор мегирад. Садҳо ҳодисаҳои қочоқи нахи пахта пешгирӣ мешаванд. Дар заминаи ҳамкорӣ бо хадамоти гумруки давлатҳои ҳамсояю дур корвони мошинҳои пахтаи ғайриқонунӣ содиргашта ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд, пеши роҳи қочоқи алюминий боздошт мегардад, хокаи тилло, тилловорӣ ва силоҳи оташфишони зиёд дастгир мешавад, садҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегарданд. Вале боз ҳам онҳое, ки даст дар рикоб доштанд, роҳҳои дигар меҷӯянд, аз имкониятҳои худ истифода мебурданд. Тариқи иваз кардани мол ба молро, ки шакли ибтидоии тиҷорат буд, шакли қонунӣ медиҳанд. Иваз кардани пахтаю алюминий бо доруворию колою хӯрока бозори ҳаннотонро гарм мекунад. Барои мисол, барои ширкате ҷиҳати харидории дору, аниқтар аз Олмон, 1000 тонна пахта ҷудо мешуд. Он ширкат бо нисфи маблағи пахта аз Олмон бо асноди қалбакӣ дору ворид мекард. Ё нисфи доруи харидоришуда дар кишварҳое тиҷорат мешуд, ки нархи дору баланд аст. Танҳо дар соли 1994 тавассути дастурҳои Шӯрои Вазирон барои аз андоз озод кардан беш аз 70 қарору дастур бароварда мешавад. Кор ба ҷое мерасад, ки дастандаркорони дастболо дафтари марказии гумрукро сарфи назар карда, хаттӣ ба раёсатҳои ин мақомот дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд дастурҳо медоданд. Баъзе аз қарорҳо оиди равобити хориҷӣ ба шароити Тоҷикистон мувофиқ намеомаданд, вале бо назардошти манфиатҳои шахсӣ шароити Тоҷикистон бо ин қарорҳо “мувофиқ” сохта мешуданд. Ҳангоми содирот, дидаю дониста, нархи маҳсулоти стратегиро дар эъломия паст нишон медоданд. Вале бо ин гумрук ҳеҷ коре карда наметавонист, зеро мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ вазифаи экспертизаи шартномаҳо ба дӯши Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ гузошта шуда буд. Дар он зикр гашта буд, ки Кумитаи гумрук вазифадор аст, дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷате, ки самаранокии шартномаро муайян мекунад, ба содироти ин маҳсулот иҷозат диҳад. Ба ин фиребу манфиатхоҳиҳои шахсони алоҳида Ҳамроқулов чашм пӯшида наметавонад. Ӯ дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумат бо ишора ба толор ҳузури чунин дастандаркоронро дар он ҷо зикр мекунад, масъалаи фурӯши маҳсулоти стратегиро танҳо аз тариқи музояда ва мустақим роҳ ёфтани Тоҷикистонро дар биржаҳои байналхалқӣ ба миён мегузорад. Албатта, ин бар манфиати онҳое набуд, ки даст бар кисаи мардуму тороҷи давлат мезаданд. Сарвазир Абдуллоҷонов ва дастаи ӯ аз пайи дарёфти камбудиҳои гумрук, сиёҳ кардани Ҳамроқулов меафтанд. Вале ин кӯшишҳо об дар ҳован кӯфтан буд. Овозаҳои бардурӯғ “санад”- и онҳо буданд. Тобистони соли 1994 муовини сарвазир Мухтошов қарори раиси Шӯрои вазирон Абдумалик Абдуллоҷоновро дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Х.Ҳамроқулов аз тариқи телевизион қироат мекунад. Шоми он рӯз гузориши Алишер Хоҷаев бо раиси гумрук Худойқул Ҳамроқулов дар ОРТ, аз нуқтаи гумрукии Панҷи Поён пахш мегардад. Дастнишонди Абдуллоҷонов дар гумрук, ки аллакай гӯё ӯро ба вазифаи раиси гумрук таъин карда буд, дар ҳайрат меафтад, ки ин чӣ коре: муовини сарвазир фармони аз вазифа сабукдӯш шудани Ҳамроқуловро расман қироат мекунаду боз бо ӯ аз тариқи ТВ ҳамчун раис суҳбат меороянд. Баъдтар ин сир ошкор мешавад. Сарвазир Абдуллоҷонов, ки салоҳияти таъйини кадрҳоро дошт, бехабар аз Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҷон дар кафи даст дар талоши хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезагон буд, мехост Ҳамроқуловро аз вазифа сабукдӯш кунад ва роҳ барои “тиҷорат” –и наҳангнафсон боз кунад. Раиси Шӯрои Олӣ аз ин бозии пасипардагӣ огоҳ мешавад ва монеи татбиқи ин қарор мегардад. Тири Абдуллоҷонов хок мехӯрад, вале мубориза идома меёбад.
Соли 1996 Худойқул Ҳамроқулов аз вазифа сабукдӯш мешавад. Гумрук бо тағйир додани ном (Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳо), мақом ва сарваронаш мавриди озмоишҳо қарор мегирад. Раисон аз профессор сар карда, то муллою низомию ғайри низомӣ қомати рости гумрукро хам меоваранд. Ғояи таърифи гумрукӣ, ки қабл аз ин раисон ба тасвиб расида буду ҳифз аз истеҳсолкунандагони ватанӣ мекард, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Беҳтарин мутахассисони зери чатри ин мақомот гирдомада пароканда ва парешон гаштанд.
Аз суҳбат бо Худойқул Ҳамроқулов
— Аз гумрук ба шумо чӣ мерос монд?
-Хотироти талху ширин ва кадрҳо, ки ман онҳоро чун шаддаи марҷон ҷамъ оварда будам.
— Осиёб бе гард намешавад. Он гард ба либоси шумо ҳам шояд расида бошад?
Ӯ андешамандона даст бар мӯи сафедфомаш мебарад ва пас аз андаке посух медиҳад:
-Раиси гумруки ба ҷои ман интихобгашт, мошини хидматӣ- ГАЗ 24 ва ронандаро ба ихтиёри ман гузошт. Баъд аз муовини вазири амният таъин гаштан онро ҳамчун моликияти Вазорат ба қайд гирифтам (ҳарчанд одамоне буданд ба исрор мегуфтанд, ки ин корро накунам). Ҳангоми аз вазифаи муовини вазири амният сабукдӯш шудан ҳам сейф, компютер, китобҳо ва ҳама чизҳои шахсиамро аз дафтари кориам нагирифтам. Чизе бо худ нагирифтам. Инсон аз ин зиндагӣ бо худ як кафан мебарад.
-Чаро аз ин вазифа рафтед?
— Худам ҳам бехабар будам. Ман дар амният куратори ноҳияҳои тобеи марказ будам. Як субҳ доир ба масъалаҳои Ғарм дар Кумита маҷлис доштам. Чунки он замон дар Тавилдара, Тоҷикобод, Ғарм амният таъмин набуд. Қариб ҳафтае набуд, ки он ҷо сафар накунам, баъзан моҳҳои дароз аз ин минтақа берун намеомадам. Он рӯзҳо вобаста ба як масъалаи кории марбут ба ин минтақа ба чанд нафар ҳуқуқшиноси ботаҷриба дастуре дода будам. Шаб дар идора хоб будам. Субҳ бо кадрҳои нави минтақаҳои номбаршуда мулоқот доштам. Сардори яке аз раёсатҳо дам ба дам дари маҷлисгоҳро кушода, сар мехалонд. Ман ба ин аҳамият намедодам. Вақте ки аз маҷлисгоҳ берун омадам, гуфтанд, ки маро аз вазифа холӣ карданд ва ба ҷоям Мирзоватан Ҳасаналиевро таъйин намуданд. 53- сола будам. Раиси тозаинтихоби Кумита Хайриддин Абдураҳимов гуфтааст, ки бо командаи худаш кор мекунад. Мо кормандони амният дар сахттарин рӯзҳо дар паҳлуи Пешвои миллат қарор доштем. Ва аз ин ифтихор мекунем. Ифтихор мекунем, ки ба қасами ҳарбиамон, Ватанамон, Президентамон содиқ будем ва содиқ мемонем.
Худойқул Ҳамроқулов маро ба ҳавлиаш даъват мекунад. Дар тасаввурам ҳавлии собиқ раиси Кумитаи гумрук, собиқ муовини вазири амният, генерали КГБ, генерали гумрук қасри боҳашаматеро мемонд. Вале баробари ворид шудан ба ҳавлӣ санг аз бағалам афтод. Ҳавлии кӯчак, хонаи пастаки якошёнаи назарногир.
— Шумо дар ҳамин ҷо зиндагӣ доред, – мепурсам аз ӯ.
— Бале, мегӯяд ва шарҳ медиҳад. Хонаи хуб, соли 1952 бо хишти хом сохта шудааст. Масоҳати хона 36 метри квадратӣ. Соли 1992 бо қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ман доданд, заминаш кариб 4 сотих. Ман бо ҳамсарам, писарам бо оилааш ва се набераам зиндагӣ дорем.
Ҳамсари ӯ Робиа Тағоева даъват ба дохили хона мекунад. Ягона зане, ки 18 сол котиби Кумитаи партиявии вилоятӣ (дар Кӯлоб) буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Президент. Падараш 18 сол котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара, Восеъ ва Совет буд . Мо вориди утоқи кории Ҳамроқулов мешавем: мизи кӯчаки корӣ, ду курсӣ ва рахти хоб. Дар рӯ ба рӯям ду шахс (ҳамсар)- е қарор доштанд, ки умри худро сарфи хизмати халқ кардаанд. Шояд бори аввал буд, ки ман аз чӣ оғоз кардани суҳбатро намедонистам. Ожангҳои чеҳраи онҳо роҳи тайкардаи ҳаёташон буд.
Аз хотироти собиқ муовини вазири амният, генерал-майор, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Баҳодур Абдуллоев:
Маро ҳамеша қобилияти ташкилотчигии Худойқул Ҳамроқулов, маҳорати пайдо кардани калиди калби инсонҳо, дарки дурусти одамон, қодир будан ба муътақид сохтан, эҳсоси самимият ба бор овардан дар мардум, ки хоси ӯ мебошанд, дар ҳайрат мегузоштанд. Ӯ як давра дар мақомоти бехатарӣ масъули сиёсати кадрӣ буд ва тавонист беҳтарин мутахассисони касбиро интихоб ва тарбия кунад. Ӯ ҳамчунин дар саргаҳи бунёди Хадамоти гумруки миллии мо қарор дошт ва коллективи муттаҳид ва касбиро созмон дод ва муддате сарварии онро бар дӯш дошт.
Ватанпарастии олӣ, фидоии кори худ будан, масъулияти ниҳоят баланд, таваҷҷуҳ ва муҳаббат ба атрофиён, хоксорӣ, фурӯтанӣ, новобаста дар куҷо кор карданаш, хоси ӯ буданд.
марти соли 1997, Пекин
70- солагӣ муборак, Худойқул Ҳамроқулович!
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ